arzon replenishment
Даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
16.04.2025
Oila.tj
171

Рӯзҳои 17-18-уми апрели соли равон дар Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025 баргузор мешавад.

Даври якуми олимпиада моҳи март дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки беш аз 5000 донишҷӯ баргузор шуда, ба даври ниҳоӣ 322 нафар ғолибони ҷойи 1-ум аз 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ ёфтаанд. Дар даври ниҳоӣ беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД