Commerc banl
Даври якуми «Шоҳномахонӣ» то 19-уми март идома меёбад
13.03.2026
Oila.tj
82

Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот оғоз гардида, то 19-уми март идома меёбад.

Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмун аз чор давр иборат буда, даври якум моҳи март дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот, даври дуюм моҳи апрел дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) ва даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентяб дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамзамон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, вазифадор гардидаанд, ки ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД