Дод аз дасти хушдомани бадгумон
02.01.2026
Oila.tj
398

Салом! Ман як ҷавонзани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда, мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам.

Дар боғчаи кӯдакона кор мекунам. Маошам хуб аст, ҳамкоронам бо ман муносибати хуб доранд, ягона чизе, ки маро нороҳат мекунад, бадгумонию нобоварии аҳли хонаводаи шавҳарам мебошад. Хушдоман ва хоҳаршӯям зотан бадгумонанд ва ҳамеша бо гапҳои нешдор маро мегирёнанд. Худо накарда аз кор андак дертар биёям, модаршӯям қошу қавоқ гиронда, ҷонамро ба лабам меорад.

Шавҳарам ба ман боварӣ дорад ва мудом маро тасаллӣ медиҳад, ки ба гапҳои модару хоҳаронаш аҳамият надиҳам, вале дигар тобу тоқатам намондааст. Дарди диламро навиштам, то хонандагони азиз ба ман ягон маслиҳати судманд диҳанд.

М. В.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД