Arzon march 2024
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 4)
2619

(ИДОМААШ)
Боз садо кард, вале боз ҳам дар ҷавоб танҳо сукути нимашаб буд. Изтироби дили арӯсак афзуда сӯйи дарвоза равон шуд. Ногоҳ чашмаш ба болои бом афтид ва эҳсос намуд, ки дар он ҷо сояе меҷунбад. Аввал дилаш ваҳм овард, ки мабодо дузд набошад, вале баъд худро ба даст гирифта пештар рафт ва дурусттар зеҳн монда дид, ки Тоҳир дар болои бом нишаста хонаи ҳамсояро тамошо карда истодааст. Ҳодисаи нисфирӯзӣ рухдода ба ёдаш расид ва аз тарс хун дар рагҳояш ях баст. Метарсид, ки мабодо Тоҳир худашро аз бом ба замин напартояд. Давида рафта хушдоманашро бедор кард ва ҳодисаро нақл намуд. Фотимахолаю шавҳараш осемасар аз ҷогаҳашон бархоста ба берун баромаданд. Падараш ба балои бом баромада Тоҳирро сарзанишкунон фаровард. Ин дам садои шикваомези келини ҳамсоя ба гӯш расид:

-Вой шармандагӣ, ин бача зан дораду боз аз Худо шарм надошта, зану духтарҳои мардумро тамошо мекунад!

-Насиба шарм дошта аз номи шавҳараш аз келинчак бахшиш пурсид ва лаб газида ба хонааш даромад. Падараш сари қаҳр Тоҳирро чанд мушт зад ва таъкид намуд, ки агар боз як бори дигар ба болои бом барояд, рӯзашро сиёҳ хоҳад кард.

Ҳамлаи “модагург”

Тоҳир мисли кӯдак дар кунҷи хона нишаста гиря мекард ва пойҳои Насибаро бӯсида зорӣ менамуд, ки ӯро ба назди Зуҳро барад. Дили арӯсак ба ҳоли зори шавҳари бемораш сӯхт ва боз аз хушдоманаш пинҳонӣ Тоҳирро ба ҳуҷраи Зуҳрои занҷирбанд бурд. Баробари кушода шудани дар “Модагург” парида аз ҷояш хест ва Тоҳирро дида, шодона нидо кард:

-Сагчаи зебои ман, омадӣ?!

Тоҳир тозон ба назди хоҳари занҷирбандаш рафта Зуҳроро ба оғӯш гирифт ва сари ӯро силакунон бо дасташ Насибаро нишон дода, мингосзанон шиква кард:

-Зуҳро, ҳамино мана мезананд. Ин духтар мана куштан мехоҳад!

Чашмони Зуҳро баробари шунидани ин арзи бародари экизакаш мисли чашмони модагург якбора хун гирифта, нигоҳаш чунон ваҳшатзо гашт, ки аз диданаш ба бадани Насиба мурғак дамид. Зуҳрои занҷирбанд занҷирҳои дасту пояшро шараққосзанон аз ҷояш ҷаҳид ва дандонҳои калон-калони заб-зардашро ғиҷиррос занонда дод зад:

-Ҳозир ман инро зинда ба зинда мехӯрам!

Хоҳаршӯяш ин лаҳза ба гурги гуруснаи чиллаи зимистон шабоҳат дошт. Бо дидани ваҷоҳати Зуҳро дасту пойҳои Насиба ба ларза даромаданд ва бо тамоми овоз фиғон кашид. Фарёди келинчакро шунида хизматгорон ва хусуру хушдоманаш тозон ба ошёнаи сеюм баромаданд ва дари кушодаи хонаи Зуҳроро дида, фаҳмиданд, ки гап дар куҷост. Фотимахола келини ларзонашро дар паси худ пинҳон карда, Зуҳроро ором намуд ва сипас аз дасти Тоҳир кашолакунон ӯро ба берун баровард. Падару модараш Тоҳири гирёнро дашном медоданду Насиба симои Зуҳроро пеши назар оварда андеша мекард, ки беҳуда бибии раҳматиаш “кӯдакони дугоник як ҷони дар ду тан ҷой шуда доранд, мабодо ягон ҷойи яктоаш дард кунад, ҳамон узви дигараш ҳам дарҳол ба дард медарояд” намегуфтааст. “Одамони сиҳат парвои бародару хоҳаронашонро надоранд, вале ин Зуҳро ноқисулақл бошад ҳам, барои бародари экизакашро муҳофизат кардан ба ҳама кор қодир аст, ҳатто ба куштани касе, ки Тоҳирро озор медиҳад. Ана инро муҳаббати хоҳарию бародарӣ мегӯянд ”,- аз дил мегузаронд арӯсак.

Дарди дил

Насиба чуноне, ки кӯдакро бо қанду қандалот фанду фиреб мекунанд, ҳамчунон шавҳари бемораш Тоҳирро бо дилдорию меҳрубонӣ як илоҷ карда ба хона дароварда хобонд ва баъдан ба назди хушдоманаш чойнӯшӣ даромад. Фотимахола ҳазорон бор худоро шукр мегуфт, ки Насиба барин духтари хубу ғамхорро насибашон гардонидааст ва гаштаю баргашта ба ҳафт пушти келинаш барои тарбият намудани чунин фаришта раҳмат мехонд. Келину хушдоман то як поси шаб суҳбат карда нишастанду Насиба дар омади гап пурсид, ки чаро Зуҳроро занҷирбанд кардаанду занҷирашро намекушоянд. Фотимахола оҳи сард кашида гуфт:

-Эҳ духтарам, худоро шукр гӯй, ки ту имрӯз сиҳату саломат аз назди Зуҳро баромадӣ. Касалии ин духтар бисёр хавфнок аст, агар занҷирро аз дасту пойҳои Зуҳро кушоям, дар як дам тамоми аҳли хонаводаро зада мекушад.

-Ба назаратон чунин менамудагист хола,-изҳори нобоварӣ намуд Насиба.

-Як бор дастонашро кушода, оқибаташро дидам духтарам. Зуҳро дар байни ним соат нисфи ҳавлиро оташ зад ва пулҳои шавҳарамро аз кисааш гирифта майда-майда карда партофт. Ин корҳояш ба хайр, аз мӯйҳоям кашола карда, маро чунон лагадкӯб намуд, ки қариб мемурдам. Мегӯянд, ки чунин ноқисулақлҳо дар синни 40 солагиашон мемиранд, бошад, ки худованд ҷони Зуҳроро аз ин ҳама ранҷу азоб халос кунад. Ростӣ, ҷони худам ҳам ба лабам расидааст, баъзан мехоҳам ягон укол карда ҳам Зуҳроро аз ин зиндагии пурмашаққату бемаъниаш халос кунаму ҳам худамро аз девонабонӣ, вале боз астағфуриллоҳ мегӯям. Аз Худо метарсам, бачам. Девона ҳам бошад, бандаи худованд аст охир, хунаш одамро мегирад!

Фотима-хола гапашро ба охир расонида боз гирист. Насиба аз китфони ларзони хушдоманаш дошта ӯро тасаллӣ медод, вале буғзи дили ин зани ҷафокашида бо гиристан ҳеҷ холӣ намешуд, ки намешуд...

Маҷнуни юсуфсурат

Қарибиҳои субҳ Тоҳир фиғони ҷонкоҳе кашида бедор шуд. Фарёди талхи шавҳараш Насибаи масти хобро қариб талхакаф карда буд. Арӯсак осемасар сарашро аз бистар бардошта пурсид:

-Ба ту чӣ шуд Тоҳир?

-Об те, об те,-дарақ-дарақ ларзида хоҳиш кард домоди девонаавзоъ.

Насиба эҳсос кард, ки Тоҳир ягон хоби даҳшатнок дидааст. Бархоста ба вай як пиёла об дод ва ба рӯяш об пошид, то тарсаш бишканад. Тоҳир баъди нӯшидани об ором шуда, боз сарашро ба болин ниҳод ва дар як мижжа задан хобаш бурд, вале дигар аз чашмони Насиба хоб парида буд. Келинчак ба чеҳраи шавҳари масти хобаш зеҳн монда аз дил гузаронд: “Тоҳир дар ҳақиқат бачаи хушрӯй аст. Рӯйи барф барин сап-сафед, абрувони пайвандӣ, лабони хуштарҳ ва миҷгонҳои дароз-дарозаш айнан актёри нақши Ҳазрати Юсуфро мебозидагӣ барин, вале афсӯс, ки худованд ӯро аз ақли расо маҳрум намудааст. Эҳ, агар Тоҳир девона намебуд, шояд дар тамоми дунё арӯсе хушбахттар аз ман намешуд...”

Бо ҳамин андешаҳо келинчак дар рӯйи бистар то дамидани субҳ ин тарафу он тараф ғел зад, баъд аз ҷояш бархоста аз паси кору бори ҳаррӯзаи рӯзгораш шуд.

Моҷарои шоҳдухтари паси куҳи қоф

Тоҳир соатҳои 10 аз хоб бедор шуда ба ҳавлӣ баромад ва дид, ки арӯсаш Насиба дар ошхона ҷумбуҷӯл карда истодааст. Рост ба назди вай рафт ва мисли бачаҳои шӯху қайсар ба оташи танӯр об пошиду ҷонҳавл гурехт. Оташ якбора хомӯш шуда, ҳама ҷоро кӯрдуд фаро гирифт. Насиба асабонӣ шуда оташков дар даст аз паси Тоҳир давид, вале ӯро дарёб карда натавонист. Келинчак маҷбур шуд, ки дубора дар танӯр оташ афрӯзад. Ин дафъа нонҳоро оварда барои намакоб рафта буд, ки боз Тоҳир пайдо шуд ва кулчаҳои хамирро ба болои оташ партофта бо тамоми овоз дод зад:

-Дузд! Насибаи дузд! Чаро ту хамири шоҳдухтари паси куҳи қофро дуздидӣ? Магар аз Худо наметарсӣ?! Акнун шоҳдухтари бечора чӣ мехӯрад...

Насиба давида омада базӯр чанд кулчаи ҳанӯз ба коми оташ нарафтаро аз дасти шавҳари ноқисулақлаш кашида гирифтанӣ шуд. Тоҳир мисли саг дасти Насибаро газида, қариб ангушташро канда хӯрда буд. Келинчак аз зӯрии дард бо тамоми овоз дод зада гиря кард. Фотима-хола давида омада Тоҳирро зада-зада ба хона даровард ва аз келинаш бахшиш пурсида ба ангушти хуншори Насиба доруеро молиду бо дока маҳкам баста гуфт:

-Рафта дам гир духтарам, хамирро хизматгорҳо худашон мепазанд!

Аз ҷойи газидагии Тоҳир ҳамоно хун мерафт, Насиба базӯр ба сӯзиши ангуштонаш тоқат карда бо чашмони ашколуд ба хонаи хоби худаш даромад. Тоҳир дар гӯшаи хона нишаста худ ба худ зери лаб сурудеро замзама мекард. Баробари дидани ин ҷавони бемор оташи ғазаби Насиба паст шуд ва гӯш дод, ки шавҳари беақлаш чӣ мехонда бошад. Тоҳир мисли ҳофизони фалаксаро овозашро кашиш дода месуруд:

 

Дашти калонай-е, лола надора

Арӯси моро мебаранд, хола надора

Хандааш омада бошад ҳам, барои шарм надоронидани Тоҳири бечора худро ношунида вонамуд карда, оҳиста дар болои кат дароз кашид. Чанде пас арӯсакро дар ҳавои суруди домоди девонаавзоъ хоб бурд....

 

Ҷанозахони булаҷаб

 

Вақте ки Насиба аз хоб бедор шуд, аллакай нисфирӯзӣ шуда, ҳаво тасфида буд. Вай хамёза кашида ба берун баромад ва дид, ки шавҳараш дар ҳамин ҳавои гарм палтои қароқулию кулоҳи пашмин пӯшида ба куҷое рафтанист. Хандида пурсид:

-Куҷо меравӣ, Тоҳир?

-Ба ҷанозаи Карим-ака,-ҷиддӣ ҷавоб дод Тоҳир.

Насиба дигар чизе нагуфта ба назди хушдоманаш рафт ва хабар дод, ки Тоҳир дар ин рӯзи тоқатфарсои тобистон палтои гарм пӯшида ба ҷанозаи ким-кадом ҳамсоя рафтанист.

(ДАВОМАШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД