Яккадухтари нозпарварди як оилаи сарватманд ҳастам. Падарам марди бообрӯ буданд, сад кас дар наздашон корафтода шуда, сар хам мекард. Мардум падарамро рӯи даст бардошта мегаштанду шояд ҳамин эрка карданҳои қиблагоҳам боис гаштанд, ки ман ба қавли модарам “поямро дар шохи баланд гузошта”, ҳавобаланду мағрур шуда мондам.
“Бо раис қудо шавем” гуфта, ёру ошноҳои падарам ва боз чандин худиву бегонаҳо бо умед ба дарамон қадам ниҳоданд, вале он замон назари духтари раис касеро намегирифт. Гумон накунед, ки пулу моли падарам маро мағрур намуда, бо сабаби камбағалӣ ба ҷавонони талабгор ҷавоби рад медодам. Дар оилаи бадавлат ба дунё омада бошам ҳам, ман ҳариси пулу мол набудам. Бароям фарқ надошт, ки домодшаванда бой аст ё камбағал, вале мардеро мехостам, ки мисли падарам доною хирадманд бошад.
Волидонам мудом маро насиҳат карда мегуфтанд, ки аз падарам бут насозам, таҷриба бо гузашти умр дар инсон пайдо мешавад ва ҷавони 24-25- сола ҳеҷ гоҳ ақлу тамизи марди 45-50- соларо дошта наметавонад. Вале мани якрав ҳеҷ аз аспи ғурур намефаромадам.
Ҳамин тавр, ба 43 қадам гузоштаму акнун атрофиён маро пирдухтар мегӯянд. Танҳо баъди аз олам гузаштани волидонам дарк намудам, ки чӣ хатои азиме кардаам, вале дигар умри рафтаро бозпас гардонда намешавад.
Ба духтарони ҷавон гуфтан мехоҳам, ки хатои маро такрор накунанд, вагарна мисли ман пушаймон мешаванд.
Хонандаи Oila.tj