sebiston july new
Домулло Хол ба пеш!!!
607

 

Имом хатиби масҷиди марказии ноҳияи Восеъ Саидакрам Сироҷев, ки дар байни мардуми ин минтақа бештар бо лақаби “Домулло Хол” машҳур аст, капитани командаи футболи “Ҳулбук” интихоб шудааст. 

 Командаи “Ҳулбук” дар лигаи аввали футболи мамлакат қарор дорад ва варзишгарон мехоҳанд бо ҷалби имом хатиби масҷиди марказии ноҳия ба команда таваҷҷуҳи соҳибкорон ва дигар афроди сарватманду хайрхоҳро ба сӯйи худ бикашанд. Ошкоротар бигӯем, футболистон аз обрӯи Домулло Хол истифода бурда, вазъи молиявии командаи “Ҳулбук”-ро беҳтар карданиянд, то тавонанд дар мавсими имсола ба лигаи олӣ роҳ ёбанд. Тавре ки Сайфиддин Караев менависад:

“Мухлисон ба футбол рӯ овардани домуллоро хеле хуш қабул кардаанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ имом хатибро гарму ҷӯшон дастгирӣ намуда бо нидоҳои “Домулло Хол ба пеш!!!” ин рӯҳонии номдорро рӯҳбаланд месозанд. Онҳо бар он ақидаанд, ки рӯҳониён ҳам ҷузъе аз ҷомеа ҳастанд ва дин набояд монеъи машғул шудани онҳо ба варзиш гардад...”

Ёдрас мешавем, ки командаи “Ҳулбук” қаблан дар лигаи олӣ қарор дошт, вале бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ мавқеи худро ба зудӣ аз даст дод. Акнун бо ҷалби имом хатиби масҷиди марказӣ ДомуллоХол, ки дар байни мардум обрӯю эътибори хоса дорад, команда мехоҳад вазъи молиявӣ ва мавқеъи худро дубора устувор гардонида, ба лигаи олӣ роҳ ёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД