Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Озмуни 25-уми байналмилалии «Пули чинӣ» баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун донишҷӯи курси сеюми факултети омӯзгории забонҳои Шарқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Аминҷон Шаропов сазовори ҷойи якум шуд.
Бино ба иттилои донишгоҳи мазкур, Озмуни байналмилалии «Пули чинӣ» ҳамасола бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад. Он яке аз бонуфузтарин майдонҳои озмоиши дониш, маҳорати забондонӣ ва муаррифии фарҳанги чинӣ ба шумор меравад. Озмун байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат гузаронида мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳоло бо 12 донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории мустақим дорад. Танҳо дар панҷ соли охир 31 донишҷӯи донишгоҳ барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи Чин равона гардидаанд.