formula
Доруҳое, ки ба генафонди миллат зарар доранд...
699


Дар 14 кишвари минатқаи аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сеяки одамон антибиотикҳоро бидуни дорухати табиб харидорӣ ва истифода мебаранд.

Зимни як назарсанҷӣ, ки 8221 нафар аз 14 кишвари ҷаҳон иштирок доштаанд, зиёда аз панҷоҳ фисадашон гуфтаанд, ки дар 12 моҳи охир ҳаби антибиотикҳоро истеъмол кардаанд. Аз ин шумора 67 фоиз антибиотикҳоро духтурон таин кардаанд, боқӣ 24 фисад дар ҳолати шамолкашӣ, 16 фоиз бо пайдо шудани аломатҳои ба зуком монанд, 16 фоиз барои дарди гулӯ ва 18 фисади боқимонда дар ҳолати сулфа шудан антибиотикҳоро истифода бурдаанд.

Муҳаммадзода Рустам Муҳаммад, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ин нуқтаро дар мизи муддавар, ки бахшида ба “Ҳафтаи умумиҷаҳонӣ истифодаи дурусти антибиотикҳо” шуда гузашт, қайд намуд.

Номбурда таъкид кард, ки набояд одамон ба худмуолиҷа машғул шуда, антибиотикҳоро бе тавсияи духтурон истифода баранд, чунки ин ҳолат ба генафонди миллат таъсири манфӣ мерасонад. Дар баробари ин истифодаи худсаронаи антибиотикҳо сарчашмаи бемориҳои замбурӯғӣ мегардад.

Истифодаи нодурусту ғайриоқилонаи доруҳои зиддимикробӣ ба ҳамаи организми зинда хавфу хатари зиёд меорад, ки яке аз таҳдидҳои пурхавфтарин ба саломатии инсонҳо дар тамоми кураи замин мебошад.

Хатарҳое, ки аз тарзи нодурусти антибиотикҳо ба вуҷуд меояд, инҳоянд:

  • Истифодаи ғайриоқилонаи доруҳои зиддимикробӣ метавонад дар бактерияҳо тобовариро зиёд менамояд, ки доруҳои истифодашавандаи имрӯза ба таври дилхоҳ самарае намедиҳад.
  • Тобоварӣ ба антибиотикҳоро худи бактерияҳо ҳосил мекунанд, на одамон ва на ҳайвонот.
  • На ҳамаи сироятҳоро бо доруҳои зиддимикробӣ табобат кардан мумкин аст.
  • Сироятҳои вирусӣ ба монандӣ шамолхӯрӣ ва ӯ зуком бо антибиотикҳо табобат намешаванд.
  • Он антибиотикҳоро истифода баред, ки ба шумо аз тарафи духтур таъин карда шудаанд. Онҳоро ба дигарон маслиҳат надиҳед ва тақсим накунед.

 

  •  Доруҳои зиддимикробӣ на ҳамеша доруи мувоффиқу муносиб ба шумор мераванд.
  • Агар духтур истифодаи антибиотикҳоро ба шумо нолозим донад, таъини онҳоро аз ӯ боисрор талаб накунед.
  • Истифодаи антибиотикҳо на дар ҳама ҳолат мувофиқи мақсад аст. Пеш аз истеъмоли антибиотикҳо ҳатман ба духтур маслиҳат кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД