Formula september
Достони ишқи Таҳмина
02.02.2023
ОИЛА
6226


Салом мухлисону ҳаводорон ва кулли кормандони сомонаи “Оила”. Сараввал миннатдории хешро барои ташкили чунин озмуни хуб ва зиндагиомӯз ба шумо мерасонам.


Тахмина ном дорам ва зодаи шаҳри Душанбе мебошам. Шоира ҷавонию ишқро тавъам хондааст Дар дили ман ҳам ишқ дар айёми ҷавонӣ аланга зад.Ёд дорам, ки рӯзе як ҳамсинфам “дӯсти беҳтаринам имрӯз зодрӯз дорад” гӯён, акси он ошнояшро ба мо нишон дод ва ӯро хеле таърифу тавсиф намуд. Ҳисси кунҷковиам боло гиирфт ва ҷӯрааш кӣ бошад, ки ин қадар таърифаш мекунад, гӯён ман ҳам ба экрани телефонаш нигоҳ кардам. аз экран ҷавони зебое ба мо менигарист. Лабонаш моил ба табассумбуданд ва ҳалиму меҳрубон метофт.

Хулоса, ҳамсинфам дӯсташро табрик кард ва ҳамон бегоҳ ман ҳам тариқи яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба ӯ навиштам” Зодрӯз муборак! Дар ҷавоб навишт: “Хушбахтам, ки чунин бонуи зебо маро табрик мекунад. Хушбахтӣ аз ин хиёд намешавад...”

Ҳамин тавр сӯҳбатамон ба қавле қур гирифт ва то соатҳои 3 шаб аз ҳар боб чақ-чақ кардем.
Ҳамин як сӯҳбати оддӣ боиси он гашт, ки бо ба ҳамдигар дил дода, мисли Лайлию Маҷнун ошиқи шайдо бигардем. Ман он қадар ба ӯ дил баста будам, ки агар як шаб нанависад, ба қавле девона мешудам. Баъди як моҳ вохурдем ва ӯ ба ман изҳори муҳаббат карду ман ҳам ишқашро қабул кардам. Дигар мо ҳеҷ аз ҳамдигар ҷудоӣ надоштем. Ошиқам ба қавлу қасамаш истода, баъди се сол ба хонаи мо хостгор фиристод. Волидонам онҳоро уш қабул карда, розигӣ доданд ва тӯйи зебову пуршукӯҳе ороста, мо расман зану шавҳар шудем, аммо...

Хушхбахтии ману шавҳари дӯст дошта гирифтаам дур давом накард. Ҳанӯз чиллаи арӯсию домодиамон набаромада, шавҳарам нағмаҳои нав баровардан гирифт. Аз кор меомад ва сачоқу шампун гирифта аз хона баромада мерафту соатҳои 3-и шаб бармегашт. Ман гӯё аслан вуҷуд надошта бошам, рӯяшро ҷониби девор гардонда мехобид ва саҳар ҳатто хайрухуш накарда баромада мерафт. Чандбор пурсидам, ки барои чӣ ду сачоқ мебаред, охир шумо танҳо меравед-ку, вале дар ҷавоб мегуфт, ки як сачоқро барои дӯстам мебарам.
Аксар вақт баъди баргаштанаш аз сачоқ тораҳои мӯйи дароз ва бӯйи атри занонаро эҳсос карда, аз рашк дарун ба дарун месӯхтам, вале ба хотири вайрон ашудани оилаам аз ҷангу ҷанҷол худдорӣ мекардам. Ҳамин тавр ҳомиладор шудам. Бо гумони он ки шояд соҳиби фарзанд шудан муҳаббати моро дубора зинда месозад, ин хабари хушро ба ҳамсарам расондам, вале дар ҷавоб “ёфти вақти ҳомила шуданатро” гӯён абрӯ чин кард. Хеле ғамгин шудам, кам монда буд, ки гиря кунам.
Хулоса, шавҳарам “ Русия меравам” гӯён, мани ҳомиларо монда, азми сафар кард. бо умеди он ки шояд ба Русия рафта, ишқбозиҳояшро бас мекунад, дар аввал хурсанд шудам, вале баъди рафтанаш фаҳмидам, ки шавҳарам ҳамроҳи маъшуқааш рафтааст.

Аз байн ду сол гузашта бошад ҳам, ҳамсарам то ҳол барнагаштааст. Ман дар хонаи модарам зиндагӣ мекунам. Шавҳарам натанҳо ман, балки фарзандашро ҳам суроғ намекунад. Дар ин муддат 10 ҳазор рубли русӣ равон кардаст ё не. Занг зада мегӯям, ки ду сол шуду наомадед, аққалан маро ба назди худатон баред, охир фарзандамон меҳри падар мехоҳад, вале дар ҷавоб ба сарам дод зада мегӯяд, ки ин ҷо ҷойи зану кӯдакбозӣ нест. Дилат мард мехоста бошад, рав бо ягон мардаки серпул шинос шуда, хумори дилатро барор. Гиря карда мегӯям, ки охир ман дар никоҳи шумо ҳастам, чи хел бо дигар кас ошно мешавам, вале “ту озодӣ, чи коре мехоҳӣ, кардан гир”гуфта, телефонро хомӯш мекунад.
Ҳаёт дигар бароям маънӣ надорад, танҳо барои фарзандам зиндагӣ карда истодам.

Мардони азиз, ҳамсарони худро танҳо нагузоред! Ҳаргиз ба ишқихуд хиёнат накунед, чунки намаки ишқи пок ошиқи носипос ва бевафоро рӯзе кӯр мекунад!
Тахмина . Ҳ

Все партнеры сайт бел (2)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД