arzon november
"Дов" ба Ҳиндустон рафт
173

Филми ҳунарии "Дов"-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои иштирок дар сабқати “Медали Юнеско - Ганди” дар бахши озмуни байналмиллалии филмҳои ҳунарии Ҳинд ва ҷаҳон ба Ҳиндустон рафт. Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филми мазкур иттилоъ додааст.

Филми тоҷикӣ дар ин сабқат бо филмҳои маъруф аз кишварҳои Банглодеш, Балгария, Ҳиндустон, Эрон, Бразилия ва Канада рақобат мекунад. Озмуни мазкур санаи 29-уми ноябр ҷамъбаст мешавад.

Филми мазкур аз замони пошхӯрии СССР ва мушкилтарин солҳо барои мардуми тоҷик, яъне солҳои 90- уми асри гузашта нақл мекунад. Коргардони он Муҳиддини Музаффар аст.

Маънои калимаи «дов» дар фарҳанги забони тоҷикӣ ҳамчун навбати гашт дар бозии шоҳмот ва навбати бозӣ дар қимор омадааст. Дар аввал номи филм “Лоторея”, сипас “Суруди носуруда” ва ниҳоят “Дов” гузошта шудааст. Шумори иштирокчиён дар ин филм зиёда аз 5000 нафар буданд.

Филм дар жанри драма таҳия шуда аз зиндагии ду мусиқинавози замони Шӯравӣ, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд, қисса мекунад. Ҳодисаҳо соли 1993 дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара сурат гирифтаанд. Қаҳрамонҳои асосии филм Қаҳҳор ва Маннон мебошанд. Нақши Қаҳҳорро ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Абдулмӯъмин Шарифӣ, нақши Маннонро бошад Салоҳиддин Шукуров иҷро намудаанд. Дар пасманзари зиндагии ин ду қаҳрамон, муаллиф аз мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлоли қисса мекунад.

Ба наворгирии филм аввалҳои моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, 48 рӯз идома ёфт. Филм дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба навор гирифта шудааст. Барои ба навор гирифтани якчанд саҳнаи филм, тӯли 5 шабонарӯз дар роҳи оҳани Конибодом қатораи иборат аз шаш вагони боркаш равуо намудааст.

“Тӯли даҳсолаҳо дар роҳи оҳани Конибодом ягон қатора ҳаракат накарда буд. Вале мо хоҳиш кардем ва қатораи боркашро ба мудати 5 шабонарӯз дар ихтиёрамон гузоштанд. Мо барои ба навор гирифтани як саҳнаи филм 1 шабонарӯз бе танаффус дар роҳи оҳан кор кардем”, – гуфтааст Зайнуддин Орифӣ, котиби матбуотии “Суғдсинамо”.

Бояд қайд кард, ки Суғдсинамо яке аз киностудияҳои фаъолӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Қариб ҳама филмҳои таҳия шудаи ин киностудия аз тарафи тамошобин баҳои баландро соҳиб шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД