arzon replenishment
Дӯстдоштаатро хоб бинӣ, тӯй мешавад ё ҷудоӣ?
2517

Чанд шаб боз дӯстдоштаамро хоб мебинам. Гоҳ мо даст ба даст сайр мекунем, гоҳе ба ман ягон туҳфа тақдим мекунад, гоҳ ҳазлу шӯхӣ карда, маро хурсанд месозад. Мехоҳам таъбири хобамро донам.

Г. Д, сокини ш. Душанбе

Хоби шумо ду маънӣ дошта метавонад. Якум: агар кас дар бораи дӯстдоштааш бисёр фикр кунад, аз пазмонӣ ӯро тез-тез хоб мебинад. Дар ин ҳолат худро бо чизҳои дигар саргарм намудан лозим аст, то ки асабҳои шумо ором бигирад, масалан шумо метавонед забони хориҷӣ омӯзед, ба курсҳои пухтупаз ё ронандагӣ равед, касбу ҳунар омӯзед.

Дуюм: хоб метавонад пайки хуб ё баде аз дӯстдоштаатон бошад. Акнун мегузарем ба таъбири хоби шумо. Дар хобномаҳо омадааст, ки хоб дидани шахси дӯстдошта ба боз ҳам гармтару самимитар шудани муносибати дилдодагон ишорат мекунад. Шумо шанси хубе барои ташкил кардани оила ва ба сар бурдани зиндагии ширину хушбахтона бо ин шахсро доред.

Аммо бояд гуфт, ки таъбири хоб ба ҷинсият низ вобастагӣ дорад. Дӯстдоштаи худро хоб дидан барои зан нишонаи вохӯрӣ ва сӯҳбати ширини ошиқона мебошад.

Дар хобатон дӯстдоштаи шумо хурсанд бошад, меҳру муҳаббаташ зиёдтар гашта, муносибатҳоятон боз ҳам наздиктар мешаванд, вале ғамгин бошад, аз маҳбубатон ягон хабари нохуш мешунавед.

Хоб бинед, ки дар рӯзи офтобӣ бо дӯстдоштаатон сайругашт доред, маҳбуби шумо умри дароз мебинад. Дар хоб ошиқатон ба шумо гул туҳфа кунад, ба наздикӣ ба ӯ ба шавҳар мебароед.

Зан хоб бинад, ки бо шахси дӯстдоштааш дар соҳили дарё ва ё баҳр дам гирифта истодааст, ҳомиладор шуда, фарзанди солим ва зебоеро ба дунё меорад.

Мард зани дӯстдоштаашро хоб бинад, дар ҷойи кораш ягон зани доною кордон дар ҳалли масъалаҳои корӣ ба ӯ ёрӣ мерасонад, вале хоб бинад, ки маъшуқааш ба пушташ нигоҳ накарда аз ӯ дур мешавад, аз маҳбубааш ҷудо мешавад.

Дар хобаш зани дӯстдоштааш мардро оғӯш кунад, зани дигареро во мехӯрад, ки мехоҳад бо ишваю ноз ӯро ба чанг биёрад, вале муҳаббати самимиаш ба зане, ки дӯсташ медорад, намегузорад, ки ба ишқи худ хиёнат кунад.

Хоб бинед, ки бо зани дӯстдоштаатон ҷанҷол карда истодаед, шуморо лозим меояд, ки бегуноҳии худро дар назди одамони зиёде собит созед.

Гирифтани номаи ошиқона аз шахси дӯстдоштаи худ дар хоб рамзи кушода шудани бахт буда, шахсе, ки чунин хоб мебинад, ба висоли ёраш мерасад.

Дар хобатон дӯстдоштаатон номи шуморо гирифта ба сӯйи худ хонад, ба наздикӣ тӯй мешавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД