Arzon march 2024
ДТТ: 76 фоиз довталабон ба донишгоҳ дохил шуданд
762

 

Тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар давраи асосӣ ё аввали тақсимот 1087 нафар довталаб дохил шуданд, ки ин шумора яке аз натиҷаҳои беҳтарин маҳсуб меёбад ва 76 фоизи нақшаи асосиро ташкил мекунад.

Дар ин бора Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки ин шумора дар рӯзи аввали тақсимот буда, дар давраҳои иловагии тақсимоти дуюму сеюм шумора зиёд хоҳад шуд ва нақша пурра иҷро мешавад.

“Яке аз самтҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои олии касбӣ табодули таҷриба ва гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос мебошад. Соли 2023 мо 24 нафарро барои табодули таҷриба ба хориҷи кишвар равон карда будем ва дар шашмоҳи аввали имсол 12 нафар омӯзгорон ба Туркия ва кишварҳои Аврупо фиристода шуданд”, - гуфт ректор.

Қайд гардид, ки имсол донишгоҳ аз рӯи 36 ихтиссос кадрҳои баландихтисосро ҳам дар шуъбаи рӯзона ва ҳам дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ омода мекунад. Дар соли нави таҳсил 4 ихтисоси нав сабт карда шуд.

Ба иттилои ректор, шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 3552 нафар буда, аз онҳо 768 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД