formula
Ду пули мошингузар сохта мешавад
207

21 июн дар ҳудуди водии Яғноби ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ба сохтмони ду пули мошингузар санги асос гузошта шуд. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар дод.

Ин ду пул то 9 сентябри соли 2023 дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дарозии пулҳои мошингузар мувофиқи нақша 25 ба 4 ва 8 ба 4 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Зимни гузоштани санги асос таъкид гардид, ки бунёди пулҳои мазкур барои рушди хоҷагии қишлоқ нақши муҳим дошта, ба зиндагии шоистаи мардуми дараи Яғноб мусоидат менамояд ва дастрасии аҳолӣ дар чор фасли сол имконпазир хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД