Марди 34-солаи фаронсавӣ бо нишастан дар қуттии пур аз ях рекорди Гиннесро ба даст овард.
Ромен Вандендорпи 34-сола рекорди Китиоби Гиннесро нав кард: ӯ бештар аз дуюним соат дар қутии пур аз ях нишаст. Ин дастовардашро ӯ ба мубориза бо саратон дар кӯдакон бахшид.
Ба иттилои расонаҳои фаронсавӣ, Вандендорп тақрибан ду сол барои ин рекорд омодагӣ дидааст. Ҳангоми иҷрои озмоиш табибон ва намояндагони Китоби рекордҳо тамоми равандро назорат мекарданд. Вандендорп дар ҳарорати аз сифр поён 2 соату 35 дақиқаю 33 сония монд, дар ҳоле ки рекорди қаблӣ ба устоди чинӣ Ҷин Сунчао тааллуқ дошт, ӯ соли 2014 давоми 1 соату 53 дақиқа дар қутии ях истода буд.
Ромен ин дастовардро ба хотири духтари 4-солааш Огюстин бахшид, ки соли 2018 аз бемории саратон фавтида буд.