sebiston july new
Дугонаи мурдаи худро хоб дидан чӣ таъбир дорад?
11.04.2024
Оила.ТҶ
830

Замоне бо Ҳабиба ном духтари зебо ва бениҳоят меҳрубон дар як идора кор мекардем, вале баъдан бо амри тақдир ба корҳои дигар гузашта, аз ҳам ҷудо шудем. Ду сол пеш дугонаам ба касалии саратон гирифтор гашта, ҷавонмарг шуд. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки як моҳи охир Ҳабибаи ғӯррамарг тез-тез ба хобам медарояд. Мегӯянд, ки мурдаҳоро хоб дидан чандон хосияти хуб надорад, бинобар ин, дар изтироб афтодаам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Посух:

- Аксари одамон ягон шахси аз дунё гузаштаро хоб бинанд, ба ташвиш меафтанд, зеро аз он ҳарос доранд, ки мурда паёмрасони марг аст, вале дар асл ин тавр нест. Мувофиқи хобномаҳо, баръакс одами наздик ё дӯсти мурдаи худро хоб дидан фоли нек аст.

Зан дугонаи наздики аз дунё гузаштаашро хоб бинад, дар ҳаёташ ягон ҳодисиа хурсандиовар рӯй медиҳад, ки ба оилааш алоқамандӣ дорад. Аммо мард дӯсти мурдаашро хоб бинад, байни ӯ ва занаш дилсардӣ меафтад. Чунин хоб метавонад нишонаи сар задани моҷаро аз рашк низ бошад.

Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки агар зан дугонаи раҳматиашро дар хобаш бубинад, тамоми мушкилоте, ки дар зиндагӣ дорад, ба зудӣ ҳал шуда, бениҳоят хушбахт мешавад.

Тибқи хобномаи исломӣ низ хоб дидани дугонаи аз олам гузашта фоли нек ҳисобида мешавад. Чунин хоб нишонаи дастгирӣ ёфтан аз ҷониби ягон шахси ғамхор ё ба сафари дур ва хотирмон баромадан будааст.

Хулоса, ба ташвиш наафтед, хоби дидаи шумо нек аст. Барои дугонаатон дуо кунед, рӯҳаш аз шумо шод хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД