arzon replenishment
Духтар чӣ гуна-модар намуна!
25.06.2022
ОИЛА
1537



Агар мехоњї, ки духтарат дар оянда хушбахт шавад, ба вай нахуст дўст доштани худашро ёд дењ, то дигарон њам дўсташ доранд.

Бо духтарат дугона бош, то ў розашро ба даргањи дили бегонае набарад.

Хатоњои дар зиндагї кардаи ту хатти зиндагии ту буданд ва њељ гоњ ба каси дигар дахл надоранд, аз ин рў, онњоро душбори духтарат насоз ва ўро тарсу ба воя нарасон.

Агар марде нисбати ишќу муњаббату номардї карду рўйи хони мењрат по гузошт, маънии онро надорад, ки њама мардони дунё якхеланд! Ба духтарат одамшиносиро омўз, мардонро дар назараш бад макун!

Хоксорї њам марзи эътидол дорад, баъзењо инсонњои хоксорро содда пиндошта, аз ин хислати њамидаи онњо истифода мебаранд, аз њад зиёд хоксор набош ва инро ба духтарат низ таъкид намо!

Одами хуб бош! Мо ба фарзандони хеш талќин мекунем, ки инро шиори хеш кунанд, вале ба онњо намегўем, ки љомеаи мо он ќадар ифлос аст, ки сари њар ќадам палиде метавонад рўйи хубињои ту кафши чиркинашро тоза кунад.

Ба духтарат фањмон, ки пеш аз ворид шудан ба зиндагии мустаќил ва хонаи шавњар, нозу нузашро њамроњи бозичањои даврони кўдакияш ѓундошта, даруни сандуќчаи момогї ќуфл зада равад.

Шавњар ќиблаи зан аст, бале, инро њељ гоњ пеши чашмони зебои духтарат инкор накун! Вале ба хотири ў зарар расонидан ба љисму љони хеш камоли аблањист!

Хушдоман, модари шавњар-ў њељ гоњ бадбахтии шуморо намехоњад, аз ин рў, як эроди оддии ўро бадбахтии дунё нашуморед, бењтараш ба гапаш гўш дињеду оромиши ќалбаш гардед. Инро бояд њар як модар ба духтараш бигўяд, зеро худаш низ дер ё зуд хушдоман хоњад шуд.

Бењтарин наќши модар дар зиндагии духтар он аст, ки намунаи зиндаи тамоми хислатњои њамидаи инсонї барои фарзандаш бошад!

Тарбияи духтар масъулияти бештаре аз писар мехоњад, аз ин рў бо эшон дўсту дугонаву њамдаму њамроз бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД