Гул барин духтарамро ба як бойбача додам. Касофат дар вақташ бо сад ваъдаю паймон духтарамро ба занӣ гирифту кисаҳояш, ки ғафс шуданд, дар болояш зани дуюм гирифт.
Духтарам ин хабари шумро шунида, аз рашк қариб девона шудааст. Кораш шабу рӯз гиряву нола аст, худамро мекушам мегӯяд. Бечора лаб кушояд, ҷавоби шавҳараш тайёр аст: “Гуруснаӣ, ташнаӣ, чӣ камбудӣ дорӣ, ки шикоят мекунӣ? Либоси пеши бозорро мепӯшию гули чизро мехӯрӣ, ба зангирии ман чӣ кор дорӣ? Пулу мол дорам, зӯрам мерасад, чанд зане, ки хоҳам, мегирам…”. Домоди пулмасти худам ҳар рӯз ҳамин гапҳоро тӯтивор такрор карда, як алами духтари бечораамро сад алам мегардонад. Сахт азоби руҳӣ кашида истодааст духтарам. Аз чизе камбудӣ надошта бошад ҳам, алами дузанагии шавҳараш ӯро дарун ба дарун хӯрда тамом кардааст. Ранги рӯяш заъфарон барин зард шудааст, метарсам, ки аз ғаму алам ба саратон ё ягон касалии дигар гирифтор нашавад.
Ҳарчанд мегӯям, ки духтарҷон, тоқат кун, ягон рӯз ақли шавҳарат ба сараш мезанад ва пушаймон шуда, аз ту бахшиш мепурсад, дардаш таскин намеёбад. Бо вуҷуди ин духтарам каме ором гирифта буд, вале чанд рӯз пеш барои зани дуюмаш ҳавлии дакаданг харидани домодамро шунида, духтарам қариб ҷинӣ шуда буд.
Бечора Малоҳати наосуда ҳар гоҳ ба хонаамон ояд, оҳи сард кашида мегӯяд, ки шавҳарам зани дуюмашро ба кадом як истироҳатгоҳ дамгирӣ бурдаасту ман дар ин ҷо бо бачаҳоям хуни ҷигар хӯрда бишинам?
Хонандагони азиз, домоди занҷаллобам дили духтарамро аз зиндагӣ хунук кардааст. Мегӯяд, аз чунин шавҳардорӣ бева будан беҳтар аст. Агар ҳозир гӯям, ки рост мегӯӣ, аз ҳамин мардаки дузана ба ту ягон фоида нест, беҳтараш ҷудо шав, парвозкунон ба идораи суд рафта, барои бекор кардани ақди никоҳашон ариза менависад, вале хотири набераҳоям ман ӯро аз ин роҳ гардонида истодаам. Намехоҳам фарзандонаш аз падар зиндаҷудо шаванд, вале фикр мекунам, ки аз як ҷиҳат гапи духтарам ҳам ҳақ аст. Умри ҷавонаш бо роҳпоӣ ва гиряву нола гузарад, дар пирӣ аз бозгашти шавҳари занбозаш ба ӯ чӣ суд?!
Илтимос, дар ҳалли ин муаммо бо маслиҳатҳои судманди худ ба духтари ман ёрӣ расонед!
СЕВАРОЙ, ш. Душанбе