Arzon march 2024
Духтари намозхонам насронӣ шуд
6072

Ман як модари аламзада имрӯз ба маслиҳати шумо ниёз дорам. Оилаи мо як оилаи муқаррари тоҷикона буда, ҳама аз дину оин бохабарем. Духтарам низ то синни 18-солагӣ рӯза медошт, намоз мехонд ва тамоми фармудаҳои худовандро ба ҷо меовард, аммо тӯли як соли охир якбора рафтору кирдораш дигаргун шуд.

Мани бехабар аз асли воқеъа фикр мекардам, ки ин ҳама таъсири замона аст ва бо мурури вақт ақлаш ба сараш мезанад, аммо ба наздикӣ фаҳмидам, ки духтарам бо роҳнамоии як дугонааш дини насрониро қабул карда, ба калисо мерафтааст. Бо шунидани ин хабар хаёл кардам, ки осмон ба сарам чапа шуд. Бовар кунед, ҳатто агар духтарам бадтарин гунҳро содир намуда, фарзанди ҳаромӣ мезоид, ба ман ин қадар сахт алам намекард, ки аз дини ислом рӯ гардониданаш асар намуд. Андешаи он ки акнун сарамро дар байни дӯсту душман чӣ хел мебардорам, маро мимсли каждум дарун ба дарун хӯрда истодааст. Ҳарчанд кӯшиш кардам, ин духтари беақлро бо панду насиҳат аз роҳи хато баргардонида натавонистам. Мегӯянд, ки очаҷон, беҳуда кӯшиш накунед, ман акнун худоро шинохтам ва дигар аз ин роҳ намегардам. Намедонам то кадом андоза ин гап рост аст, вале духтарам мегӯяд, ки тоҷикону узбекони зиёде аллакай дини насрониро қабул кардаанд ва ҳатто фарзандони хурдсолашон дар калисо таълими динӣ мегиранд.


 

Сӯҳбати ҷолибу намакини ҳунарманди асил Аловиддин Абдуллоев


 

 

Вай бо тамоми ҳастӣ аз ин дин дифоъ мекунад. Натанҳо ман, балки ҳама наздикону пайвандонам дар ҳайратанд, ки чи гуна як духтари намозхон якбора ба ин роҳ рафта, як дини бегонаро қабул кардааст. Сарҳибоси корамро бо ин духтари беақл гум кардаам, намедонам сарамро ба куҷо зада аз кӣ мадад ҷӯям. Зӯрам фақат ба гиряву нола мерасад. Шабу рӯз дар болои ҷойнамоз зор-зор гиря карда, худоро зорию тавалло мекунам, ки фарзанди раҳгумзадаи маро худаш ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намояд.
Хоҳарону бародарони азиз! Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Модари аламзада аз ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД