goodwell
Духтари президенти Ӯзбекистон хостори барқарор кардани ҷазои қатл шуд
28.09.2026
Оила
100

Духтари президенти Ӯзбекистон хостори барқарор кардани ҷазои қатл шуд
Саида Мирзиёева, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ӯзбекистон ва духтари президенти ин кишвар, пас аз қазияи таҷовузи як духтари 5-сола дар кӯдакистон хостори сахттар кардани ҷазо барои чунин ҷиноятҳо шудааст.

Ӯ рӯзи 27-уми сентябр дар саҳифаи Telegram-и худ навиштааст, ки барои чунин ҷиноятҳои сангин бояд ҷазои қатл пешбинӣ шавад. Ба гуфтаи Мирзиёева, қонунгузории кунунии Ӯзбекистон чунин ҷазоро пешбинӣ намекунад.

Вай ҳамчунин хабар додааст, ки раванди таҳияи пешниҳодҳо барои ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ ва сахттар кардани ҷавобгарӣ оғоз шудааст.

Ҳамзамон, Шаҳноза Мирзиёева, духтари дигари президенти Ӯзбекистон ва муовини аввали роҳбари Оҷонсии ҳифзи иҷтимоии кишвар, гуфтааст, ки чанд моҳ боз якҷо бо ниҳодҳои давлатӣ пешниҳодҳо оид ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти кӯдакон таҳия мешаванд. Аз ҷумла, ҷорӣ кардани ҳабси якумрӣ барои зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғон пешниҳод шудааст.

Айни ҳол мақомоти Ӯзбекистон қазияи таҷовузи як духтари 5-соларо дар яке аз кӯдакистонҳои вилояти Намангон таҳқиқ доранд. Тибқи гузоришҳои расонаҳо, мудири кӯдакистон бо гумони содир намудани ин ҷиноят боздошт шудааст.

Ҳукми қатл дар Ӯзбекистон моҳи январи соли 2008 расман бекор карда шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД