Arzon march 2024
Духтари тоҷик ҷавони русро мусулмон кард
9506

 

Ман як тоҷикдухтари бо амри тақдир ба ҷавони рус ба шавҳар баромада ҳастам. Шояд шумо ҳайрон мешавед, ки чаро мани тоҷик шавҳари рус кардаам. Қиссаи ба русписар ба шавҳар баромаданам басо пурмоҷарост.

Мо дар оила 4 духтару 2 писар будем. Апаи калониям Нигина, ки бисёр духтари зебо буд, харидорони зиёд дошт, аммо баробари синфи 9-ро хатм намуданаш ӯро ба писари амаки калониям Собир, ки чанд соли охир дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд, ба шавҳар доданд. Зиндагии апаам аввалҳо хуб буд, паси ҳам cе писар таваллуд кард. Шавҳараш зуд-зуд занг мезаду пул мефиристод, аммо баъдтар язнаам Собир зану фарзандонашро аҳён-аҳён ба ёд меовардагӣ шуд. Акнун қариб, ки занг намезад, пул фиристодан бошад, ба ёдаш намерасид. Рӯзи зодрӯзи писараш Эҳсонҷон ҳамаамон дар хонаи апаам будем. Аснои буридани торт Нигина ба шавҳараш занг зад, то ки Собир нахустин шуда, писарашро табрик кунад. Ниҳоят баъди рафтани чанд занг Собир гӯширо бардошт. Нигина нав бо меҳрубонӣ ба шавҳараш салом дода буд, ки аз он тараф овози ғазаболуди Собир баланд шуд:

-Бо чӣ занг мезанӣ?! Пул тамом шуд?! Ту асло аз пул сер мешавӣ ё не?!

Нигина аз шарм гиря карда, бо садои гирифта ҷавоб дод:

-Дадаҷонаш, ба ман пул даркор нест, барои он занг задам, ки имрӯз рӯзи зодрӯзи Эҳсонҷон аст…

- Э, неки ту бо ҳамон ҳаромиҳоят безор кардӣ-да! Аз аввал намехостам, ки туи қишлоқиро ба занӣ гирам, лекин рӯйи хотири падарам не гуфта натавонистам. Гумон мекардам, ки баъди шавҳар кардан ақлат медарояду барои ман зан мешавӣ, на хизматгори хонатозакун, лекин ту қишлоқӣ будӣ, қишлоқӣ мондӣ!

Нигина дигар худро дошта натавониста зор- зор гиря кард. Собир ба ҷойи он ки аз нокасияш шарм дорад, баландтар дод зада гуфт:

- Э, ин қадар фиқ-фиқ накун, дар бадам задӣ! Гуфтагӣ барин, ман ин ҷо як зани зебои русро ёфта гирифтам. Номаш Наташаҷон. Ту ба як тори мӯяш намебароӣ. Так что метавонӣ, кӯчу бандатро гирифта, ба хонаи очаҷонат равӣ. Ҷавобатро додам!

Нигина баробари шунидани ибораи «ҷавобатро додам»-и Собири лаин гурсосзанон ба замин афтиду мо бошем, дар ҷоямон шах шудем. Он шаб ҳама то саҳар мотам гирифта нолидему субҳ Нигинаи бадбахтамонро бо бачаҳояш ба хона овардем. Апаам то ҳол барои бегуноҳ талоқ гирифтанаш мегиряд. Бечора аз ғам пӯсту устухон шуда мондааст.

Фотиҳа

Солҳо турнасон гузаштанду ман ҳам синфи 11-ро хатм кардам. Баробари ба даст гирифтани номаи камол амаки дуюмам маро барои писараш Расул, ки дар ким- кадом корхонаи Русия кор мекард, хостгорӣ намуд. Падарам ноилоҷ розӣ шуд, вале баъди фотиҳа шуданам воқеае рух дод, ки назирашро дар деҳа касе надидааст…

Рӯймоли тақдирсоз

Тобистон, мавсими саёҳати сайёҳон буд. Азбаски мо дар куҳистон зиндагӣ мекунем, деҳаамон гузаргоҳи асосии сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. Рӯзе субҳи солеҳон барои об задани ҳавлӣ сатил дар даст ба соҳили дарё рафтам. Азбаски рӯймоламро суст баста будам, ба шамоли дарё муқовимат карда натавониста, аз сарам парид ва маҷрои шӯхи дарё онро бо худ бурд. Мӯйи баробари қадам якто кушода шуда бо вазиши насими дарёи шӯх ба бозӣ даромад. Дар ҳамин асно сайёҳе аз кӯча гузашта ин манзараро мебинаду ин ҳолати маро акс мегирад. Ман бошам, ҳайрон будам, ки чӣ кор кунам, зеро субҳ медамиду сари ман бараҳна ва мӯйҳоям тар шуда буданд. Сайёҳ билохира ба наздам омада салом дод ва сабаби ташвишамро пурсид. Гуфтам, ки рӯймолам ба дарё рафту ҳозир мӯйсафедон аз масҷид баромада, маро сарлуч бубинанд, шарманда мешавам. Табассум намуда рӯймолчаи дар шакли гарданбанд дар гарданаш бастаро кушода сӯям дароз кард. Хостам не гӯям, аммо ҳамин дам мӯйсафедон аз роҳи масҷиди деҳа намоён шуданд. Осемасар рӯймолчаро гирифта ба сарам бастам ва сатили обамро гирифта, ба сӯйи ҳавлӣ шитофтам.

Элак баҳонаю дидор ғанимат

Бегоҳӣ бо мақсади баргардонидани рӯймолча бо баҳонаи обгирӣ сӯйи дарё шитофтам. Сайёҳ аллакай он ҷо маро интизор буд. Рӯймолчаашро баргардонида изҳори сипос намудам. Фурсатро ғанимат дониста, вай боз чанд акси дигари маро гирифт. Аз шарм сурх шуда, хоҳиш кардам, ки маро акс нагиранд. Ҷавон табассум карда аз банди дастам дошту бо забони русӣ гуфт:

-Ман Сергей, аз Маскав. Аз тарафи донишгоҳамон барои омӯзиши иқлими шумо омадаам. Дирӯз баробари дидани ту диламро барои ҳамешагӣ дар ин куҳистон гузоштам. Намедонам номат чист, аммо ман туро «Парии обӣ-Русалка» ном ниҳодам, зеро субҳ ту мисли Русалкаи афсонавӣ зебо будӣ. Медонам, ки ту маро муносиби худ намедонӣ, чунки дину мазҳаб ва миллати ман дигар аст. Ба хотири ту ман тайёрам, ки исломро қабул кунам. Фақат не нагӯй...

Азбаски чунин ранг гирифтани корро ба гӯшаи хаёлам ҳам наоварда будам, лолу карахт шуда мондам. Сергей бо нигоҳи лабрези муҳаббат ба ман менигаристу ман бо чашмони аз ҳайрат кушода лоуболона ба вай нигариста, чи гуфтанамро намедонистам. Ҳамин тавр чанд лаҳза ҳарду лолу ҳайрон ба ҳамдигар нигариста мондем. Чашмони кабуди обию мӯйи тиллоранг ва рӯйи сафеду нафиси Сергей дилрабо буд, вале миёни мо девори сангине қомат афрохта аз гуногунии дину оину миллату забон ва боз садҳо тафовутҳое, ки пайвандамонро ба назар як кори ношуданӣ ҷилва медоданд.

-Хӯш, ту чӣ мегӯӣ, Русалкаи ман?-Ин саволи сайёҳ маро ба худ овард.

Сар ба зер афканда пичиррос задам:

-Ман аллакай номзад дорам.

-Ту ӯро дӯст медорӣ?-Пурсид Сергей.

-Не, дӯст намедорам, вале ин чиз дар мо заррае ҳам аҳамият надорад. Номзади ман бегона не, писари амакам аст,-якбора шафтолуи гапро гуфта, азми рафтан намудам.

Сергей боз аз банди дастам дошт ва рост ба чашмонам нигариста таъкид кард:

-Ҳеҷ гоҳ намегузорам, ки ту насиби марди дигар шавӣ!

Хостгорони булаҷаб

Пас аз вохӯриамон дар лаби дарё Сергей бедарак шуд. Гумон кардам, ки ба ватанаш рафтаасту дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад, аммо тақрибан се ҳафта пас як шом меҳмонҳои нохонда дари моро кӯфтанд. Меҳмонҳо як зану як марди рус буданд. Ҷавонзани рус дар танаш пироҳану поҷомаи атласи тоҷикӣ ва дар сараш рӯймоли калон дошт, мардакаш бошад ҷомаи зардӯзӣ пӯшида буд. Аҷибтараш он буд, ки занаки рус дар болои сараш мисли занҳои мо лаганди калонеро бардошта омада буд. Баробари дидани онҳо дасту поям ба ларза даромад. Ҳама аҳли оила ҳайрон-ҳайрон ба онҳо менигаристанд. Падару модарам намедонистанд, ки ин русҳо дар хонаи мо чӣ гум кардаанд, вале аз рӯйи таомули тоҷикона меҳмонҳои нохондаро ба меҳмонхона дароварданд. Ба гӯшаи хаёлам ҳам наомада буд, ки Сергей падару модарашро ба хонаи мо хостгорӣ мефиристад, вале бо дидани ин меҳмонҳои дастурхондор дигар ҷойи шубҳа намонд, ки ишқи ошиқи руси ман аз таҳти дил будааст. Аз тарси он, ки мақсади меҳмонҳои нохондаро шунида, падару модарам сари маро аз танам ҷудо мекунанд, мисли барги бед дарақ-дарақ меларзидам.


-Додарҷон, илтимос, ба шавҳарам расонед, ки падарат занеу духтаратро аз хона пеш кард ва имрӯз онҳо дар кӯчаҳо овораю сарсон гаштаанд.

 


Фотиҳагардон

Намедонам холаи Олгаю амаки Михаил бо падарам суҳбаткунон чиҳо гуфтанд, аммо баъди рафтани меҳмонҳо доду войи модарам баромад:

-Мардак, шумо ҷиннӣ шудаед? Бо кадом ақл духтаратонро бароварда ба як урус медиҳед?! Боз духтареро, ки ба писари бародаратон ваъда карда, кайҳо фотиҳа дода будед...

Падарам даст афшонду бо мулоиматӣ гуфт:

-Занак, духтарам биҳиштро дарёфт. Ба хотири ӯ шуда, нафақат як ҷавони насронӣ мусалмон шуд, балки падару модараш ҳам дини мубини исломро қабул карданд. Болотар аз ин чиз нест! Ман аллакай як духтарамро ба хеш дода, оқибаташро дидам. Нигинаро писари амакаш бадбахт кард. Акнун духтари бечораам бо ду фарзанд дар чорсӯи зиндагӣ танҳо мондааст. Кӯр як бор асояшро гум мекунад мегӯянд, девона нестам, ки ин духтарамро ҳам ба бачаи хешам дода, ба доми бало гирифтор созам. Фотиҳаи писари акоямро гардонда, Маҳинаро ба ҳамин бачаи рус медиҳам. Бача мардӣ карда аз худи Русия падару модарашро бо кулчаю тӯша ба хонаи мо хостгорӣ фиристодааст. Ин хел бачаҳои бовафо дар ин замон ангуштшуморанд. Боварӣ дорам, ки бо ин ҷавон тақдири Нигина ба сари Маҳина намеояд.

Бо ҳамин баҳси падару модарам ба поён расид ва рӯзи дигар фотиҳаи писари амакамро гардонда, маро ба Сергей фотиҳа карданд.

Деги ғайбат

Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Ҳама падари маро накуҳиш мекарданд, ки духтарашро ба урус додааст. Муллои деҳа миш-миши ҳамсояҳоро дар сари дастурхони тӯёна шунида, баландгӯякро гирифта гуфт:

-Ҳой мардум, шарм намедоред, ки дар сари дастурхони ин хонадон нишаста, нӯшу неъмати тӯйдорро хӯрда истода, ғайбат мекунед?!

Магар Қуръони азим-уш-шаънро нахондаед? Магар намедонед, ки як одамро мусалмон кардан чӣ қадар савоб аст?! Бо шарофати ин духтар як оилаи рус мусалмон шудааст! Ғайбату бадгӯиро бас карда, барои ин ду ҷавон бахт талабед.

Амакам ки барои шарманда кардани падарам омада буд, ин суханони домуллоро шунида, сархам аз дарвоза берун шуд…

Хандаи бахт

Имрӯз ман ҳамроҳи Сергей дар Маскав хушбахтона зиндагӣ дорам. Аллакай соҳиби ду гулписари нозанин шудем. Хусуру хушдоманам ба ман мисли падару модар меҳрубонанд. Ба қавле намемонанд, ки дастамро беҳуда ба оби хунук занам. Ман ҳам эҳтиромашон мекунам. Писарамакам Расул, ҳамоне, ки замоне номзади ман буд, зан гирифт, вале ҳамсарашро хушбахт карда натавонист. Тақдири зани Расул айнан тақдири Нигинаи мо барин шуд. Расул мисли амакзодааш занашро бо ду фарзанд партофта, пойбӯсии як бевазани рус гашт. Акнун худатон қазоват кунед, магар аз зани ҷавони тоҷик шуда, дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондан дида, ба аҷнабӣ ба шавҳар баромада хушбахт шудан беҳтар нест?!

Шавҳари ман Сергей рус бошад ҳам, дини исломро қабул кардааст. Намозҳояшро сари вақт мехонад, вақти холӣ ёбад, ҳатман китоби муқаддаси Қуръонро ба даст гирифта, қироат мекунад. Аз ҳама муҳимаш вай ба ман вафодор аст ва намегузорад, ки зану фарзандонаш ба касею ба чизе муҳтоҷ шаванд.

Маҳина, аз Федератсия Русия

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(11)
Бахора 2019-10-16, 17:06
Э рав а ин диски киноям гузаронди кисаатон ба хакикат рост намеояд
Посух
000 Бахора 2019-10-16, 21:43
Як ту ростгу
Посух
Саша Бахора 2019-10-18, 18:47
Будьте счастливы долгой жизни в будущем
Посух
Missis Shahrizade 2019-10-16, 19:24
Илохо хушбахт шавед!
Посух
Заринаи Самад 2019-10-16, 20:08
Хушбахт шавед илохо
Посух
Ёсуман 2019-10-16, 20:19
Илохим Худованди бузург ба оила шумо ризки фаровон сихату саломати ва умри дароз ва 2писарони шумо илохо хофизи кулли Куръон шаванду номбардори модару падари хеш гарданду бароятон чаннатул фирдавсро ато фармоянд!
Посух
Фируза 2019-10-16, 20:33
Хушбат бошед!
Посух
Madina Radjabova 2019-10-16, 22:15
Аз Худои мутаол таманнои онро дорам,ки хамавакт хаминхел хушбахт бимонед!
Посух
Ахдия 2019-10-18, 03:52
Шумо.шукри.худоро.бачо.оред.ки.худо.бахти.шуморо.аз.кучо.додаст.агар.рост.бошад.боз.дини.туро.кабул.кардаст.ин.мучизай.худост.ки.мегуяд.бахама.хитоб.мекунад.ки.бинед.як.бединро.барояш.бахт.кардаст.боз.мусалмон.шудаст.ба.дили.русхо.худо.тафик.атокардаст.ин.бузурги.худо.хаст.як.бедин.мусулмон.шуда.ба.бихишт.меравад.базе.мусулмонони.мо.аз.бе.намозиву.бе.рузаги.ба.дузах.мераван.обод.бошед.хохар
Посух
Khalima Rozikova 2019-10-18, 17:48
Ин гапхои духтаррро бовар мекунам чун ки як точик духтар шиносам шавхари рус дорад. 3 фарзанд дорад. Шавхарашхам дини исломро кабул кардааст. Зиндагиаш хуб аст.
Посух
Амина 2019-10-18, 21:36
Илохо махиначон хушбахт бошед бо оилаатон бачаи рус мард будаст маррдони точике хастанд ки фазандони худашонро пушти сар карда фарзандони дигаронро фарзанд мехонанд магар ин мардонагист инхо номарданд даюсанд ифлосанд садакаи фарзандони халоли худашон шаванд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(11)
Бахора 2019-10-16, 17:06
Э рав а ин диски киноям гузаронди кисаатон ба хакикат рост намеояд
Посух
000 Бахора 2019-10-16, 21:43
Як ту ростгу
Посух
Саша Бахора 2019-10-18, 18:47
Будьте счастливы долгой жизни в будущем
Посух
Missis Shahrizade 2019-10-16, 19:24
Илохо хушбахт шавед!
Посух
Заринаи Самад 2019-10-16, 20:08
Хушбахт шавед илохо
Посух
Ёсуман 2019-10-16, 20:19
Илохим Худованди бузург ба оила шумо ризки фаровон сихату саломати ва умри дароз ва 2писарони шумо илохо хофизи кулли Куръон шаванду номбардори модару падари хеш гарданду бароятон чаннатул фирдавсро ато фармоянд!
Посух
Фируза 2019-10-16, 20:33
Хушбат бошед!
Посух
Madina Radjabova 2019-10-16, 22:15
Аз Худои мутаол таманнои онро дорам,ки хамавакт хаминхел хушбахт бимонед!
Посух
Ахдия 2019-10-18, 03:52
Шумо.шукри.худоро.бачо.оред.ки.худо.бахти.шуморо.аз.кучо.додаст.агар.рост.бошад.боз.дини.туро.кабул.кардаст.ин.мучизай.худост.ки.мегуяд.бахама.хитоб.мекунад.ки.бинед.як.бединро.барояш.бахт.кардаст.боз.мусалмон.шудаст.ба.дили.русхо.худо.тафик.атокардаст.ин.бузурги.худо.хаст.як.бедин.мусулмон.шуда.ба.бихишт.меравад.базе.мусулмонони.мо.аз.бе.намозиву.бе.рузаги.ба.дузах.мераван.обод.бошед.хохар
Посух
Khalima Rozikova 2019-10-18, 17:48
Ин гапхои духтаррро бовар мекунам чун ки як точик духтар шиносам шавхари рус дорад. 3 фарзанд дорад. Шавхарашхам дини исломро кабул кардааст. Зиндагиаш хуб аст.
Посух
Амина 2019-10-18, 21:36
Илохо махиначон хушбахт бошед бо оилаатон бачаи рус мард будаст маррдони точике хастанд ки фазандони худашонро пушти сар карда фарзандони дигаронро фарзанд мехонанд магар ин мардонагист инхо номарданд даюсанд ифлосанд садакаи фарзандони халоли худашон шаванд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД