Arzon march 2024
Духтарҳои афғон мактабро дар хоб мебинанд?
25.03.2022
ОИЛА
1166
no-img


Духтарҳои афғон, ки бо сабаби сар задани даргириҳои хунин дар ин сарзамини азияткашида ва ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон қариб як сол боз аз ҳуқуқи таъсил дар мактаб маҳрум ва ба мисли маҳбусон дар байни чор девори хона асир монда буданд, бо беқарорӣ фарорасии ҷашни наврӯзро интизорӣ мекашиданд.

“Толибон” ҳанӯз моҳи январ ба мардум ваъда дода буданд, ки баъди ҷашни наврӯз, баробари саршавии соли нави таҳсил дар Афғонистон, яъне аз 23- март барои ба мактаб рафтани духтарон иҷозат медиҳанд, вале чун ҳарвақта ваъдахилофӣ намуда, ба қавлашон вафо накарданд.
Вазорати маорифи Афғонистон таҳти роҳбарии “Толибон” хабар додааст, ки дарҳои мактаб барои духтарон ҳамчунон баста боқӣ мемонанд. Дар ин бора агентии Bakhtar News хабар медиҳад.
Дар ин кишвар танҳо духтарчаҳое, ки дар синфҳои поёнӣ мехонанд, яъне хонандагони синфҳои 1-6 имкони ба мактаб рафтанро доранд, духтарҳои синфҳои болӣ бошанд аз ҳуқуқи таҳсил дар мактаб пурра маҳрум карда шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки таҳсил дар мактабҳои Афғонистон ҳанӯз моҳи августи соли гузашта бо сабаби сар шудани даргириҳои хунин дар Афғонистон ва ба сари қудрат омадани “Толибон” қатъ гашта буд. Нимаҳои моҳи сентябр дарсҳо дубора оғоз ёфта бошанд ҳам, танҳо ба писарон иҷозати таҳсил дар мактаб дода шуду халос.
Бо талошҳои пайвастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба донишҷӯёни афғон иҷозати таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо дода шудааст ва духтарон ҳам метавонанд саводу касбу ҳунар омӯзанд, вале дарсҳои духтарон дар алоҳидагӣ гузаронида мешаванд. Ба духтарон танҳо омӯзгорони зан дарс мегӯянд. Ба ҷавонон бошанд, фақат устодони мард ҳуқуқи таълим доданро доранд.
Қаблан дар Афғонистон дарсҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо дар якҷоягӣ гузаронида мешуд, вале “Толибон” ин усули таълимро манъ карданд.
Ҳуқуқҳои занону духтарон дар Афғонистон сари ҳар қадам поймол карда мешаванд ва кор ба ҷое расидааст,ки баъзе падару модарон бар асари қаҳтию гуруснагӣ ба хотири наҷот додани ҷони худ ва дигар фарзандонашон духтарони ноболиғашонро мисли мол мефурӯшанд. Вазъи занон дар Афғонистон бисёр ташвишовар мебошад ва агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бонувони афғон дасти мадад дароз накунад, боз ҳам сангинтар шудани ҳоли хонумҳои афғон имкон дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД