Имрӯз, 13-уми октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии “Ҷоми Осиё-2026” миёни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи “А” оғоз меёбад.
Мусобиқа то 17-уми октябр идома ёфта, дар гурӯҳи “А” тимҳои духтарони навраси Тоҷикистон, Филиппин, Малайзия ва Сурия барои роҳхат ба “Ҷоми Осиё-2026” мубориза мебаранд.
Бозии аввалини тими миллии духтарони то 17-солаи Тоҷикистон имрӯз, соати 17:00 баргузор гашта, футболбоздухтарони мо бо тими Малайзия рақобат менамоянд.
Имрӯз ҳамчунин тими духтарони 17-солаи Сурия бо Филиппин вориди майдони рақобат хоҳанд гашт.
Тамоми бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, даромад ройгон аст.
Дар маҷмуъ, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола 27 даста ширкат меварзанд, ки ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд - дар се гурӯҳ чордастаӣ ва дар панҷ гурӯҳи дигар седастаӣ. Ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ меёбанд.