arzon replenishment
“ДУХТУРИ МӮЪҶИЗАГАР” АЗ ЗАНГИРӢ МЕТАРСАД?
2374

Даричаи ошноӣ
Ному насаб: Танер Олмез.
Санаи таваллуд: 9-уми августи соли 1986.
Макони таваллуд: Тунҷелии Туркия.
Баландии қад: 179 метр.
Касб: актёр, модел, навозанда ва сароянда.
Вазъи оилавӣ: муҷаррад.

Филмҳое, ки нақш бозидааст: “Хокистар ва оташ”, “Ҳақиқати урён”, “Асри тиллоӣ: Қиём-Султон”, “Духтури мӯъҷизагар” ва ғайра.
Машғулияти дӯстдошта: саёҳати баҳрӣ.

Мӯъҷизаи ҷавонӣ

Чеҳраи ба таври фавқуллода зебою қаду қомати дилкаш ва дили мисли оина софу ҳунари волояш ин ҷавони чусту чолок ва боистеъдоду хушзавқро азизи дили миллионҳо сокинони сайёра гардонидааст. Фақат дар Инстаграм Танер Олмез қариб як миллион обуначӣ дорад ва ин аз шӯҳрату маҳбубияти ҳунарпешаи ҷавон гувоҳӣ медиҳад. Аксарият Танер Олмезро ҳамчун Алӣ, духтури мӯъҷизагаре мешиносанд, ки мисли дастгоҳи зиндаи томографӣ тамоми узвҳои дарунии беморро бо як нигоҳ мебинад ва бо ин қобилияти нодираш ҳатто маризони ба марг маҳкумшударо низ умри дубора ато мекунад. Дар ҳақиқат пас аз сериали “Духтури мӯъҷизагар” шӯҳрати ин ҳунарманди ҷавони турк ба осмони ҳафтум дакка хӯрда, шумораи мухлисонаш даҳҳо маротиба афзун гашт. Ҳаводорони ин сериали туркии бисёр ҷолиб ва ҷаззоб дар кишвари мо низ хеле зиёданд ва ҳар бегоҳ қисматҳои нави филмро бесаброна интизорӣ мекашанд, то бубинанд, ки Алии зоҳиран бемор ва камақл, вале дар асл табиби мӯъҷизакор боз чӣ корнамоиҳо мекунад, вале ...
photo_2021-08-25_10-17-35

Танер Олмез то “Духтури мӯъҷизагар” роҳи дурударозеро тай намудааст ва имрӯз бо хоҳишу дархости мухлисони синамо мо дар бораи ҳаёту фаъолияти ин ҳунарманди машҳур маълумот медиҳем.

Ситора аз деҳаи дурдаст

Танер Олмез 9-уми августи соли 1986 дар Тунҷелӣ, ки яке аз қисматҳои дурафтодаи Туркия ба шумор меравад, ба дунё омадааст. Аксари сокинони ин мавзеъ решаҳои арманӣ дошта бошанд ҳам, асли худро пинҳон медоранд.

Танер ҳамагӣ 6-7 сол дошт, ки қатори садҳо хонаводаи дигар оилаи онҳо низ дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ ва шароити беҳтари зиндагӣ аз Тенҷелӣ ба Истамбул кӯчид. Ҳамин тавр, ин бачаи деҳотӣ шаҳрӣ шуда, оҳиста-оҳиста мақоми худро пайдо кард, вале...
photo_2021-08-25_10-22-45

Бачаи боистеъдод

Дар рушди шахсияти Танер хонавода нақши бисёр муассир бозидааст. Ин ҷавони хушзавқ дар оилаи санъаткор ба дунё омада, падару модар ва дигар пайвандонаш ба мусиқӣ шавқу завқи зиёд доранд. Бародари калонии Танер-Тайлан Олмез дар сар то сари Туркия ҳамчун шоир ва сарояндаи маъруф шуҳрат дорад, вале Олмезҳо одамони бисёр хоксор ва заминӣ буда, ҳаргиз аз худ ситора наметарошанд.

Дар муҳити адабӣ ба дунё омадан ба сарнавишти Танер таъсири олиҷаноб расонида, ҳанӯз аз замони кӯдакӣ пайвандонаш ин бачаи хушзавқро ҳамаҷониба дастгирӣ мекарданд ва барои идома додани роҳи санъат рӯҳбаланд мегардониданд. Танери хурдакак ҳофизаи бисёр қавӣ дошт ва дилхоҳ матн ё шеърро як бор хонда, аз ёд мекард. Вай бо овози буррою ҷозибадораш шеър мехонду падару модар ва наздиконаш бо шавқ кафкӯбӣ мекарданд, дар мактаб низ омӯзгорон ба Танер бо меҳру муҳаббати зиёд муносибат мекарданд, зеро ба ояндаи дурахшони шогирди болаёқаташон боварии комил доштанд.

photo_2021-08-25_10-25-24

Тасодуфи сарнавиштсоз

Танер бисёр садои ширин ва хотираи қавӣ дошта, сароянда шудан мехост, вале боре ҳамроҳи аҳли оилаашон ба тамошои театр рафта, шоҳиди манзараи аҷибе гашт, ки роҳи тақдири ӯро дигар кард. Ҳунарпешаҳо дар як вақт ҳам суруд мехонданд ва ҳам аз саҳна ба толор фаромада, дар пеши чашми тамошобинон ба таври зинда нақш бозӣ мекарданд. Танери наврас аз тамошои ҳунарнамоии онҳо ба ваҷд омада, қарор дод, ки ҳатман актёр мешавад.
photo_2021-08-25_10-27-46

Бо ҳамин мақсад бо кӯмаки устодонаш ин ҷавони боистеъдод дар мактаб “Театри ҳунармандони наврас”-ро ташкил дод ва мустақилона намоишномаҳоро ба саҳна мегузоштагӣ шуд. Аввалин намоишномаи ин театр “Хоби шаби тобистона” ном дошта, аз рӯйи асари безаволи Шекспир ба саҳна гузошта шуда буд. Ин намоишнома Тенерро ба ситораи мактаб табдил дод, вале...

Аз қаҳвахона ба синамо

Дар шаҳри калон зиндагӣ кардан кори саҳлу сода нест ва Танер ба хотири каме ҳам бошад, ба падару модараш ёрӣ расонидан ҳанӯз давраи мактабхонӣ дар як қаҳвахона ба кор даромад. Азбаски садои бисёр форам дошт, баъди дарс, аксаран бегоҳ ё шабона дар қаҳвахона ба таври зинда суруд хонда, пул кор мекард. Ин қаҳвахона яке аз қаҳвахонаҳои бисёр машҳури шаҳри Истамбул буда, шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла коргардону актёрҳои маъруф тез-тез меҳмони ин даргоҳ мегаштанд. Дурахши ҳунари ин ҷавони дӯстрӯй ва булбуловоз аз чашми заршиноси онҳо пинҳон намонд ва Танерро барои кор ба театри маҳаллӣ даъват намуданд.

Пӯлод чӣ тавр гудохта мешавад?

Албатта кор дар театри касбӣ барои бачае, ки ҳанӯз даҳонаш бӯйи шир мекунад ва аз партаи мактаб нахестааст, бисёр душвор буд. Аксар вақт Танер ҳамроҳи коргардон ва ҳампешагонаш, ки ҳунармандони касбӣ буданд, то 16-17 соат машқ мекард, то нақшаш боварибахш барояд. Ба ҷойи ӯ каси дигар мебуд, шояд ба чунин реҷаи сахт тоб наоварда, аз баҳри актёрӣ тамоман мегузашт, аммо ин ҷавони боистеъдод ба тамоми мушкилиҳо тоб оварда, бо азму иродаи қавӣ ва қадамҳои устувор ба сӯйи орзуяш гом мебардошт.

Кор дар театр ва талошҳои пайвастааш боис гаштанд, ки Танер Олмез ҳунару маҳрати худро такмил дода, ба осонӣ ба факултаи актёрии Консерваторияи Туркия дохил шуда, ҳунарманди касбӣ гардад.

Роҳ ба сӯйи шӯҳрат

Аввалин нақше, ки Танер Олмез ҳамчун ҳунарманди касбӣ дар синамо офаридааст, “Бозори пӯшида” унвон дорад. Дар ин филм ӯ як нақши эпизодӣ бозида бошад ҳам, онро оғози роҳи ҳунарии худ мешуморад. Пас аз ин, соли 2009 Танерро ба филми “Хокистар ва оташ” даъват намуданд. Қиссаи ошиқонаи “Ҳақиқати урён” бошад, ба актёри ҷавон шӯҳрати бузург оварда, номи Танер Олмезро дар сар то сари Туркия машҳур гардонд. Дар ин филм ӯ нақши Денизро мебозад, ки ошиқи шайдои Ғазал аст, аммо вазъи иҷтимоияшон монеи бахти ин ду дилдода мегардад.

Ҳамин тавр аз филм то филм ҳунару истеъдоди худро такмил дода, Танер ба қатори ҳунарпешаҳои маъруф ва серхаридори турк ворид гашт. Соли 2016 актёри ҷавонро ба сериали “Асри тиллоӣ: Султон Қосим” даъват намуданд. Дар ин силсилафилми овозадор ӯ нақши шоҳзода Усмонро мебозад, ки писари калонии шоҳ ва вориси аслии тахту тоҷ мебошад, аммо ба хотири бародаронаш аз салтанат даст мекашад.

Табиби мӯъҷизакор

Дар байни тамоми филмҳое, ки Танер Олмез нақш бозидааст, сериали “Табиби мӯъҷизакор” мақоми махсус дорад, зеро ин филм шӯҳрати ҳунарманди ҷавонро даҳчанд афзуда, ӯро берун аз марзи Туркия низ машҳур гардонд. Туфайли ҳамин сериал имрӯз Танерро на танҳо дар ватанаш, балки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар мамолики пасошӯравӣ низ мухлисони синамо мешиносанд ва дӯст медоранд. Алӣ-қаҳрамони асосии филм бемории аутизм дорад ва волидонаш бо ҳамин сабаб замони кӯдакӣ аз ӯ даст мекашанд. Дили Одил ном духтур ба ҳоли писарак сӯхта, ӯро фарзандхонд мегирад.
photo_2021-08-25_10-30-37
Бо кӯмаки ин марди меҳрубон Алӣ ба бемориаш нигоҳ накарда, духтур мешавад. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки ӯ мисли дастгоҳи зиндаи томографӣ ҳолати узвҳои дарунии беморро бо як нигоҳ мебинад. Телбанамо буданашро дида, баъзан маризон ба ин духтури булаҷаб бо чашми шубҳа менигаранд, вале маҳз бо кӯмаки Алӣ табибон беморони ба марг маҳкумшударо наҷот медиҳанд.

Танер нақши ҷавони бемор, вале мӯъҷизакорро он қадар бомаҳорат ва боварибахш офаридааст, ки бинанда гумон мекунад дар ҳақиқат Алӣ аутизм дорад, вале дар асл ӯ як ҷавони комилан солим ва бисёр хушзавқу боистеъдод буда, духтарони зиёде дар ишқаш сӯхта кабоб гаштаанд....

Домоди арӯсгурез

Танер ҳунарманди машҳур буда, аз филмҳояш ганорари хеле калон мегирад, бар замми ин, ҳунари сарояндагӣ ва навозандагӣ дошта, гитор менавозад ва аз ин ҳисоб низ маблағи зиёде ба даст меорад. Зиндагии шоҳонаро дӯст медорад, сайру саёҳат кардан аз зумраи машғулиятҳои дӯстдоштаи актёри маъруф буда, сар то сари Аврупоро давр задааст. Ба Танер Олмаз махсусан саёҳати баҳрӣ хеле писанд аст. Вай зиёфат додан ва зиёфат хӯрданро дӯст медорад.
photo_2021-08-25_10-32-19
Дар аксҳое, ки дар шабакаҳи иҷтимоӣ мегузорад, ӯро ҳамеша дар ҳалқаи дӯстонаш дар сари мизи пурнозу неъмат мебинем, вале бо ин ҳама пулу мол ва шӯҳрату маҳбубият ин ҷавони хушсимо то ҳол бахташро наёфтааст. Танер Олмез домоди серхаридор бошад ҳам, аз арӯсҳо герезон аст. Вай бо тамоми зебосанамҳое, ки ҳамроҳаш дар кино нақш мебозанд, аз ҷумла бо Нозлӣ низ дӯстона рафтор намуда, ягон нозанинро ба худ наздик шудан намемонад. Синну солаш аллакай ба 35 расида бошад ҳам, дар фикри зангирӣ нест ва мегӯяд барои худро бе банд баста, ба дасти зане супурдан ҳанӯз барвақт аст!

Умедворем, ки билохира паричеҳраи дилёбе пайдо шуда, қулфи дили ин ҷавони ҳунарманд ва софдилу хоксорро мекушояд ва ӯро бо банди зулфонаш кашон-кашон ба хонаи бахт мебарад...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД