Дар сари дастурхон, дар лаҳзаҳои мухталифи зиндагӣ мехоҳам ба забони тоҷикӣ дуо хонам. Оё хондани дуо ба забони тоҷикӣ ҷоиз аст? Агар имкон ҳаст, чанд дуо ба забони тоҷикӣ пешниҳод кунед.
Парвиз Нуруллоев, ш. Панҷакент.
Посухи дмулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
Ба забони тоҷикӣ хондани дуо ҷоиз аст.
Шумо метавонед ин дуоҳоро бихонед:
Дуои пас аз намоз:Худовандо, ба фазлу карамат аз мо намозамонро бипазир ва онро ба рӯямон мазан. Эй Худои оламиён ва эй беҳтарин мададгорон, моро мусулмон бимирон ва ба солиҳону некӯкорон бипайванд. Умед аз раҳмати Ту дорем, эй меҳрубонтарини меҳрубонон. Худовандо! Беҳтарин дархосту дуо ва беҳтарин комёбӣ, беҳтарин илму амалу беҳтарин подош, беҳтарин зиндагӣ ва беҳтарин маргро аз Ту мехоҳам. Маро собитқадам бидор ва каффани некиҳоямро сангин бигардон. Имонамро муҳаққақ соз ва дараҷаамро баланд гардон. Намозамро бипазир ва лағзишҳоямро биёмурз. Дараҷоти болои биҳиштро аз Ту хосторам.Худовандо! Аз Ту илми судманд, ризқи ҳалол ва амали мақбул мехоҳам.Худовандо! Василаҳои раҳмату мағфират, саломатӣ аз ҳама гуноҳҳо, ғанимати анҷоми ҳама некиҳо, расидан ба биҳишт ва наҷот аз оташи ҷаҳаннамро аз Ту хосторам.
Худовандо! Оқибати моро дар ҳама умур нек бигардон ва моро аз хорию расвоии дунё ва азоби қабр нигаҳ дор.Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дӯзах моро раҳоӣ бахш.
Бароимаълумотибештар аз бахшикитобхонаисомонакитоби «Нақши дуо дар зиндагииинсон»-ромутолианамоед.