"Душанбе-1" ғолиби мусобиқаи хотираи Ислом Маҳмадшоев гардид
22.12.2025
Oila.tj
75

Дастаи «Душанбе-1» бо роҳбарии мураббӣ Шамсиддин Қосимов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон бо номи «Гузариш», ки ба хотираи собиқ котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев бахшида шудааст, ғолиб гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар мусобиқа, ки дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим гардид. Марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра гузаронида шуд. Сипас аз ҳар гурӯҳ ду даста ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Рӯзи 19-уми декабр бозиҳои ниҳоии мусобиқа баргузор шуданд. Барои ҷойи сеюм, дастаи «Суғд» бар ШНТМ-1 бо ҳисоби 7:1 ғалаба кард. Дар бозии ниҳоӣ «Душанбе-1» ва «Душанбе-2» бо ҳам рақобат карда, дар натиҷа «Душанбе-1» бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд ва ғолиби мусобиқа гардид.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи «Гузариш» ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, мудири раёсати байналмилалии ФФТ Давлатманд Исломов ва директори МҶМОВ оид ба футбол Пӯлод Қодирзода ширкат варзиданд.

Кумитаи тадорукоти мусобиқа беҳтарин бозигарони дастаҳоро муайян кард: Абдулло Қаландаров («Суғд»), Рамазон Эшматов («Душанбе-2») ва Усмон Ширинов («Душанбе-1»). Нишонзани беҳтарини мусобиқа Асадбек Махтумов («Суғд») эътироф шуда, ҷоизаи беҳтарин бозигар ба Сулаймон Ҳоҷиев («Душанбе-1») тақдим гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД