arzon replenishment
Душанбе мизбони Чемпионати Осиё оид ба гӯштин мешавад
428

Рӯзҳои 25-30 июн дар шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарони 30 давлати ҷаҳон баргузории якумин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Федератсияи гўштингирии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор баргузории чемпионат ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро дар дохил ва хориҷи мамлакат ба нақша гирифтааст. Бахусус Чемпионати Осиё оид ба гўштингирӣ, ки баргузории он 25-30 июни соли равон дар назар дошта шудааст, аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ин чорабинӣ омодагӣ барои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гўштингирӣ мебошад, ки тибқи Тақвими байналмилалӣ доиршавии он моҳи сентябри соли равон дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД