1xbet
Душанбе мизбони Чемпионати волейболи Осиёи Марказӣ миёни духтарон мешавад
01.07.2025
Oila.tj
29

Аз 1 то 7-уми июли соли 2025 дар “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) миёни духтарони то 16-сола баргузор мегардад.

Ба иттилои Федератсияи волейболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи минтақавӣ дастаҳои мунтахаби духтарона аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат меварзанд.

Ҳадафи баргузории мусобиқа на танҳо рушди маҳорату сатҳи касбии волейболбозони ҷавон, балки табодули таҷриба, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои варзишии кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешавад.

- Чемпионат рӯзи 1-уми июл бо маросими ботантана кушода мешавад ва 7-уми июл бо баргузории бозии ниҳоӣ ва супурдани ҷоизаҳо анҷом хоҳад ёфт,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД