Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мешавад
02.04.2026
Oila.tj
69

Аз 14 то 18 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор мегардад.

Форуми байналмилалӣ бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Форум платформаи бисёрзинагии байналмилалӣ мебошад, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавононро бо мақсади баррасии рӯзномаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», гузариши рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳо ва қарорҳои «ҳушманд» муттаҳид месозад.

Дар доираи форум гузаронидани саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, инчунин чорабиниҳои дигари канорӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар барномаи форум таваҷҷуҳи махсус ба чорабиниҳое бахшида мешавад, ки ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», зеҳни сунъӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД