Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин силсила 24-уми октябр дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳадафи роҳандозии ин мусобиқаҳо фароҳам овардани имкониятҳои бештари рақобати байналмилалӣ барои ҷудочиёни ҷавон, ҷамъоварии имтиёзҳои рейтингӣ ва омодагӣ ба бузургтарин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Тоҷикистон аввалин кишваре хоҳад буд, ки мусобиқаи Junior Grand Prix-ро қабул мекунад ва бо ин иқдом саҳифаи наверо дар рушди ҷудои ҷаҳон боз хоҳад кард. Интизор меравад, ки мусобиқаи мазкур беҳтарин ҷудочиёни ҷавонро аз кишварҳои гуногун гирди ҳам оварда, ба рушди насли нави варзишгарони ин ришта мусоидат намояд.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 рӯзҳои 24-25-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе ҳамчунин рӯзҳои 18-20-уми декабри соли 2026 бори аввал мизбони мусобиқаи Dushanbe World Judo Masters 2026 мешавад.