sebiston july new
ДУШАНБЕ: СОҲИБХОНА МЕҲМОНРО КУШТ
5263


Ривоят мекунанд, ки шайтон ҷавонеро асир гирифт ва дар наздаш шарти вазнине гузошта гуфт:

-Ман танҳо бо як шарт туро озод мекунам: модаратро мекушӣ, зино мекунӣ ё шароб менӯшӣ. Ихтиёр дар дасти туст, аз се кори гуфтаам якеро интихоб намо!

Ҷавон, ки хеле хом буд, андеша накарда, ҷавоб дод:

-Ман ҳаргиз наметавонам ба сари модарам даст бардорам, зеро модарамро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва намехоҳам, ки номи бади модаркушро гирифта, дар ду олам шармандаву рӯсиёҳ гардам. Зино кардан ҳам табиати банда нест, зеро худванди пок зиноро амали ҳаром ва гуноҳи азим ҳукм намудааст. Аслан май ҳам ҳаром аст, вале шаробнӯшӣ чандон гуноҳи бузург нест. Майлаш, шароб ва қадаҳ биёр, ба хотири аз ту халос шудан менӯшам.

Ҷавони сода гумон мекард, ки бо нӯшидани шароб ҷонаш аз шайтон халос мешавад, вале маст шуда бештар ба банди иблис гирифтор шуд. Пас аз чанд лаҳзаи нӯшидани шароб май кори худро карда, ҷавон ба пуррагӣ ақлу ҳушашро аз даст дод ва ба доду вой кардан даромад. Модар писарашро масту махмур дида, коҳиш намуд, ки чаро шароб нӯшидӣ? Магар намедонӣ, ки май нӯшидан дар назди худованд хеле гуноҳи азим аст?! Писар ба ғазаб омада, кордро аз болои суфа гирифт ва бидуни андеша бар ҷигари модар зад.

Пас аз содир намудани ин амали нангин ҷавон аз хона бадар гашт ва гуноҳи дигар содир намуда, зино кард.

Хулоса, то аз ҳолати мастӣ ба худ омад, ки аллакай ба гирдоби бало ғутта зада, се гуноҳи азим содир намуда буд...

Дар ҳақиқат шароб нӯшидан дар назари аввал як кори одӣ менамояд, вале мастӣ метавонад ба сари фарзанди одам балоҳои азимеро оварад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи хунине мебошад, ки дар пойтахт сар задааст.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз содир шудани як ҷинояти куштор дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса шаби 5-июл, тахминан соатҳои 23.30 сар зада, як марди 58-сола ҷавонмарди 35-соларо корд задааст.

Ин марди беандеша, ки умраш аллакай ба домони 60 дака хӯрда буд, ҷавонмарди 35-соларо ба хонааш ба меҳмонӣ даъват мекунад, аммо ҳарду шароб менӯшанду дар ҳолати мастӣ байнашон ҷангу ҷидол ба амал меояд. Дар ҷараёни ин муноқиша соҳибхона ба меҳмон ҳамла намуда, ба қафаси синааш як маротиба корд мезанад.

Марди 35-сола дар беморхона бар асари захми корд ҷон дода, соҳибхона ҳамчун гумонбар дар содир намудани куштор дастгир карда шудааст. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақмот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД