“Душанбенақлиётхадамотрасон” аз сокинон хост, ки ба таксиҳои “10-сомонӣ” савор нашаванд
02.04.2026
Oila.tj
144

“Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоди масъули танзим ва назорати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт аз сокинону меҳмонони Душанбе хостааст, ки ба кирокашҳои ғайрирасмӣ ё ба истилоҳ “10-сомонӣ” савор нашаванд.

Ин ниҳод дар изҳороте ҳадафи ин талаби худро “таъмини ҳифзи ҳаёту саломатии мусофирон ва пешгирии садамаҳо” маънидод кардааст.

“Душанбенақлиётхадамотрасон” ба сокинон тавсия додааст, ки ҳангоми зарурат аз хидмати кирокашҳои “рақами давлатии тагрангашон сабз ва рақами қайди иловагии тагрангашон зард” истифода баранд.

Ниҳоди мазкур илова кардааст, ки фаъолияти кирокашҳои ширкатҳои нақлиётии шаҳри Душанбе мутобиқ ба талабот буда, онҳо аз муоинаи техникӣ ва ронандагонашон аз ташхисӣ тиббӣ мегузаранд. Инчунин, ба қавли манбаъ, барои таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон дар дохили ин худравҳо дурбинҳои мушоҳидавӣ насб шуда, тавассути таҷҳизоти “GPS” раванди хидматрасонияшон таҳти назорат қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД