shoh palace
Дуздбачаҳо ба чанг афтоданд
1363

Моли кас ба каси дигар насиб намекунад” гуфани халқ беҳуда нест. Сарвате, ки аз роҳи ҳалол ба даст наомадааст, натанҳо файзу баракати зиндагии шахси ҳаромхӯрро мепарронад, балки ба сараш бадбахтӣ ва балоҳои зиёдеро низ оварда метавонад. Сарнавишти ду ҷавони бо китфу бозу, вале танбал ва беандеша, ки ба ҷойи меҳнат карда, нони ҳалол хӯрдан. даст ба дуздию ғоратгарӣ зада, моли мардумро ба яғмо мебурданд, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздшти ду ҷавони 18 ва 25-солаи сокини пойтахт хабар додааст, ки бо ҷурми дуздию ғоратгарӣ ба даст афтодаанд. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ду ҷавони рустамбозу аз тану тӯши худ шарм надошта, аз 22 то 27-уми декабр бо дуздии амволи мардум машғул буданд. Дуздбачаҳо аввал ба хонаи як марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ молу ашёҳои рӯзгорро ба яғмо мебаранд. Ҳамин тавр ба қавле “маззахӯрак” шуда, шаби дигар онҳо манзили зани 49-соларо ғорат мекунанд ва ба соҳибхона зиёда аз 6000 сомонӣ зарар мерасонанд, пас аз ин ба хонаи як марди 29-сола даромада ба маблағи 6000 сомонӣ молу ашёҳои гуногуни рӯзгорро ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Дуздбачаҳо гумон доштанд, ки кордашон болои равған шудааст ва ҳамин тавр як умр бо дуздию ғоратгарӣ рӯзашонро мегузаронанд, аммо тирашон хок хӯрда ба чанг афтоданд.
“Беҳуда нагуфтаанд: “Як бор ҷастӣ малахак, ду бор частӣ малахак, охир ба дастӣ малахак” акнун ин ҷавонони ғоратгар мисли ҳамон малахак ба чанг афтодаанд ва барои кирдори худ дар назди қонун ҷавоб гуфта, чанд соли умри азизашонро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД