goodwell
Ҳеҷ гоҳ ба шунидаҳо бовар накунед!
312

Падару модар барои писари калонӣ духтари як шиносашонро интихоб карданӣ шуданд. Чунки духтар аз оилаи ботақво буду дар дӯзандагиву покизакорӣ машҳури деҳа. Хонаашон ҳар ҳафта хостгорон меомаданд.

Пеш аз ба қароре омадан бо писарашон Озар суҳбат карданд. Аммо Озар қариб гирён шуда, гуфт:

- Очаҷон, отаҷонам, ман дигар духтарро дӯст медорам. Мо ҳарду аҳду паймон кардаем.

- Кист он духтар?

- Духтари Заррина-хола.

- Оҳ бачам, ҳамоне, ки падараш болои модараш зани дигар гирифта, онҳоро партофтааст?

- Ҳо, очаҷон.

- Охир, модараш ҳам он қадар зани хуб нест. Бо ҷангарагию шаттоҳӣ дар деҳа ном баровардааст.

- Модар, шумо намедонед, духтараш бисёр инсони нек аст. Отаҷон, бе ӯ зиндагӣ бароям маъние надорад.

- Мо фикр мекунем.

Падару модар нишаста, хеле дар ин бора суҳбат карданд. Модар мегуфт:

- Хок гирӣи, аз остонаи баланд гир. Ин авлодаш одамони намешуданӣ. Духтарашон ҳам мисли худашон. Мегӯянд, ки харбуза аз палак дур намеравад. Ман розӣ нестам, отаи Озарҷон.

- Очаш, як бор шин, фикр кун, агар розӣ нашавему дигар духтарро келин кунем, писарамон дунболи дӯстдоштааш мабодо наравад ва ё қасде ба ҷони худ накунад...

- Ман ҳам ҳайрон мондам. Хонаи ишқаш сӯзад. Писарам кӯру кар шудааст.

- Очаш, рӯзҳои ошиқиамонро ба хотир биёр. Бо чӣ қадар ҷонбозиҳо туро ба даст овардам.

- Писаратон ҳам ба худатон рафтааст. Чӣ кунем дигар, духтари мехостагии писарамонро келин мекунем. Дигар илоҷ нест. Бахт ба таваккал.

Онҳо ба хонаи дӯстдоштаи писарашон хостгорӣ рафтанд. Аммо баръакси гапи мардум, модари ин духтар бисёр хушчақчақу меҳмондӯст баромад. Бисёр бомаънӣ, бо андеша ҳарф мезад. Ҳарчанд нодор зиндагӣ доштаанд, аммо ҳама ҷо тозаву тамиз буд. Духтар шармида-шармида даромада салом доду тез фирор кард.

Модари Озар аз дил гузаронид: “Ин мардуми бекор даҳони бефаровез доранд. Ин қадар модараш бомаънӣ, нуронӣ. Духтараш бисёр зебо. Беҳуда писарамон ошиқ нашудааст”.

Ҳамин тавр, онҳо бо хушиву хурсандӣ тӯй карда, арӯсро ба хона оварданд. Арӯс бисёр хушрафтор буд. Кори намедонистагиашро аз хушдоманаш мепурсид. Мисли апаву хоҳар буданд. Ҳатто як ҳамсоя келини онҳоро дида, барои хоҳари ин духтар хостгорӣ рафт.

Эй мардум, надидаву насанҷида, ҳаргиз ба шунидаҳо бовар накунед!

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД