Дар Душанбе рӯзи 12-уми ноябри соли 2025 тафоҳуми ҳамкории нав миёни Бонки “Алиф” ва Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ба имзо расид, ки аз соли 2025 то 2027 идома мекунад.
Дар асоси Ёдошти тафоҳуми нав ба имзо расида Бонки “Алиф” ва ЮНИСЕФ уҳдадор мешаванд, ки барои тарғиби усулҳои волидайнии мусбат ва фароҳам овардани дастрасии беҳтари ҷавонон ба малакаҳои рақамӣ, саводи молиявӣ ва омӯзишҳои қобилияти шуғл якҷоя кор кунанд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ 500-600 волидайн тавассути фаъолиятҳо ва абзорҳои махсус, аз ҷумла ҷорӣ ва паҳн намудани барномаи волидайнии «BEBBO» аз ҷониби ЮНИСЕФ, бо усулҳои замонавии тарбияи фарзанд тавонманд гардонида мешаванд. Ҳадаф дастгирии кормандони Бонки “Алиф” дар истифодаи усулҳои бо далел асосёфта барои рушд ва некӯаҳволии кӯдакон мебошад.
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен ин тафоҳумро хуб баррасӣ карда, гуфт: «Шарикии мазкур танҳо рақамҳо нест, балки умед, шараф ва имконият аст. Мо ба ҷавонон натанҳо орзу карданро меомӯзонем, балки ба онҳо воситаҳои расидан ба орзуҳояшонро низ дастрас мекунем. Ин роҳи сохтани ояндаест, ки дар он ҳар як ҷавони Тоҷикистон метавонад дар пешрафти кишвар саҳм гузошта, аз имкониятҳои он баҳраманд шавад».
Дар ду соли наздик ин шарикӣ 5000 ҷавонро бо омӯзонидани малакаҳои рақамӣ ва саводи молиявӣ дастгирӣ мекунад ва 500-1000 ҷавонро бо имкониятҳои шуғл ва пайвастшавӣ ба бозори меҳнат таъмин менамояд. Бо фароҳам овардани малакаҳо ва роҳҳои амалии шуғл, ташаббуси мазкур мақсад дорад ҷавононро барои рушди муваффақ дар бозори меҳнати рақобатпазир омода созад.
Ин ҳамкори ҳар ду ҷонибро ба он муттаҳид месозад, ки барои дастгирӣ ва пешрафти миллӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, хусусан дар самтҳои таҳсилоти босифат, саноат ва коҳиши нобаробарӣ дастгирӣ намоянд.
Фаъолиятҳои муштарак, ки дар Ёддошти тафоҳум пешбинӣ шудаанд, ба густариши дастрасӣ, баланд бардоштани огоҳӣ ва ҷалби ҳадафмандонаи кӯдакон, ҷавонон ва волидайн равона гардидаанд.