arzon replenishment
Экзема даво дорад?
24.02.2024
ОИЛА
782

Зани 60-сола ҳастам ва чанд вақт боз на шаб хоб дораму на рӯз ором. Дар дасту пойҳоям экзема баромадааст. Малҳам ва доруҳои гуногунро санҷида дидам, вале чизе кӯмак накард. Шабҳо аз дарду сӯзиши дасту пойҳоям то саҳар мижа таҳ карда наметавонам. Ягон давои халқие ҳаст, ки ҷони маро аз экзема халос карда тавонад?

Ахмедова, аз шаҳраки Шайдони Ашт.

Посух
Албатта ҳаст, охир ниёгони мову шумо тӯли ҳазорсолаҳо танҳо бо гулу гиёҳҳо худро табобат менамуданд. Экзема давоҳои гуногуни халқӣ дорад, вале ман танҳо чанд нусхаи содаро ба шумо тавсия медиҳам, чунки барои тайёр кардани доруҳои дигар дониши тиббӣ лозим аст.

Нусхаи аввал
Зарбеҳ-20 гр, барги тути сафед-20 гр, гули говзабон-20 гр, мармарак, чилбуғум, пудинаи боғӣ ва талхявшон-15 граммӣ аз ҳар кадомаш. Ҳамаи ин гиёҳҳоро дар зарфе андохта, аз болояш оби ҷӯш резед ва камтар ҷӯшонда, сипас аз дока полонед. Докаи чандқабатаро дар ин оби шифобахш тар карда, ба болои захмҳо гузошта бандед, хориш ва сӯзишашон кам шуда, ба зудӣ шифо меёбанд.

Нусхаи дигар
Барги дарахти шафтолуро дар оби гарм шуста дар ҳован (уғурак) кӯбед ва ба рӯйи захмҳо гузошта бандед. Алафи зарришқаро низ куфта банданд, экземаро шифо мебахшад. Ногуфта намонад, ки беҳтарин даво барои экзема ин малҳами «Ориён» мебошад.

Нусхаи сеюм
50 грам гули ҳамешабаҳор (календула)-ро дар шиша андохта, аз болояш 100 гр, равғани офтобпараст резед ва муддати як моҳ дар офтоб нигоҳ доред. Аз он равғани шифобахше ҳосил мешавад, ки ба тамоми намудҳои яраву захмҳои пӯст даво аст. Хокаи зағер низ фоида дорад. Тухми зағерро каме бирён карда, баъд мекӯбед. Хокаи ба даст омадаро ба рӯйи захмҳо пошида бандед, сӯзишу хориши захмҳоро мегирад. Саломат бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД