formula
Эмомалӣ Раҳмон ба Юлдуз Усмонова унвон дод
363

 

Юлдуз Усмонова, примаддонаи санъати Ӯзбекистон имрӯз Ҳунарманди халқии Тоҷикистон шуд. Ин унвонро ба ӯ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тақдим намуд.

Ин сароянда ба ғайр аз Ӯзбекистон дар тамоми кишварҳои Осиёи Миёна ва Туркия низ машҳур мебошад. Ӯ дар якчанд филмҳои ӯзбекӣ ҳунарнамоӣ намудааст ва бо овозхонҳои тоҷик ҳамкории назаррас дорад, чун Сурайё Қосимова ва духтараш Шабнам.

Юлдуз Усмонова то имрӯз ду маротиба ба Тоҷикистон омадааст. Бори аввал соли 2017 ба шаҳри Душанбе омада, барномаи консертии худро баргузор намуд. Бори дигар моҳи апрели соли 2019 ба Тоҷикистон ташриф оварда, рӯзҳои 26, 27 ва 28-уми апрел дар се шаҳр - Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар барномаҳои бузурги консертии худро барпо намуд. Дар онҳо сурудеро бо овозхони тоҷик Шабнами Сурайё суруд.

Усмонова дар доираи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ҳунармандони шинохтаи кишвараш омад. Дар доираи ин сафар дар кишвар Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон ҷараён дорад ва дар назар аст, ки шоми имрӯз барномаи фарҳангии Арбобони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зери унвони “Дӯстии ҷовидон” дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" баргузор мегардад.

Пештар аз ин Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон бо ин унвон сарафроз шуда буд. Ӯ 5-уми сентябри соли 2023 даргузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД