sebiston july new
Эмомалӣ Раҳмон: Зани маълумотнок ҳам ба оилааш ва ҳам ба волидонаш ёрӣ медиҳад
841

 Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» дар “Кохи Сомон” пеш аз ҳама ба масълаи баланд бардоштани мавқеъи занон дар ҷомеъа таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз пешрафти соҳибкорӣ миёни занҳо ва гирифтани қарзҳои итиёзнок ёдовар шуд. Сарвари давлат қайд намуд, ки нисбат ба солҳои пешин фаъолияти занҳо дар пешрафти ҷомеа хеле баланд рафтааст, вале ҳанӯз ҳам волидоне пайдо мешаванд, ки монеъи таҳсил ва соҳибмаълумот гаштани духтаронашон мегарданд.

Пешвои миллат аз нақши бузурги зан-модар дар тарбияи фарзанд ва ободонии оилаву давлат ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт: "Зани маълумотнок ҳам барои пешрафти оилаи худ ва ҳам ба падару модари худ кӯмакрасон хоҳад буд."

Ёдрас мешавем, ки Паёми президент айни замон дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, дар он аёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД