35 years of independency
Эрлинг Ҳоланд бори дуюм соҳиби ҷоизаи «Golden Player» шуд
11.11.2026
Kamoliddin
63

Эрлинг Ҳоланд бори дуюм соҳиби ҷоизаи «Golden Player» шуд

Ҳамлагари бошгоҳи «Манчестер Сити» ва мунтахаби Норвегия Эрлинг Ҳоланд барандаи ҷоизаи «Golden Player» гардид. Ин ҷоиза аз ҷониби нашрияи итолиёвии Tuttosport ба беҳтарин футболбози мавсими гузашта тақдим мешавад.
Ҳоланд дар натиҷаи овоздиҳӣ миёни довталабон пирӯз шуда, бори дуюм дар фаъолияти касбиаш ин ҷоизаро ба даст овард. Ӯ қаблан соли 2023 низ соҳиби «Golden Player» шуда буд.
Футболбози норвегӣ дар соли 2026 дар 53 бозӣ, бо шумули вохӯриҳо дар ҳайати мунтахаби миллӣ, 46 гол зада, 5 партофти головар анҷом додааст.
Ҳамчунин, ӯ дар ҳайати «Манчестер Сити» Ҷоми Англия ва Ҷоми Лигаро ба даст оварда, бо 27 гол беҳтарин нишонзани Премйер-лига гардид. Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 низ Ҳоланд 5 гол ба самар расонидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД