toyota motors
Эрон барои хотима додани ҷанг дар назди Амрико 10 шарт гузошт
174

Эрон барои хотима додани ҷанг ба Амрико шартҳои худро пешниҳод намудааст.

Тавре хабаргузории ИРНА навиштааст, кишвари Эрон пешниҳоди Амрикоро дар бораи эълони оташбас рад намуда, ба Покистон тарҳи худро дар 10 банд пешниҳод намудааст, то онро ба Амрико бирасонад. Шартҳои мазкур пас аз ду ҳафтаи баррасиҳои ҳамаҷониба дар сатҳҳои олии низом таҳия шуда, маҷмуае аз дархостҳои мушаххас, аз қабили хотима додани даргириҳо дар минтақа, протоколи ҳаракати амн аз гулӯгоҳи Ҳурмуз, бозсозӣ ва бардоштани таҳримҳо иборат мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” навиштааст, ки дар тарҳи Эрон барои поён додани ҷанг ҷорӣ кардани молиёт барои гузаштани киштиҳо зикр ёфтааст, ки ҳудуди 2 миллион долларро дар бар мегирад ва маблағи мазкурро бо Уммон, ки дар тарафи дигари гулӯгоҳ қарор дорад, тақсим мекунанд. Эрон ба ҷойи талаби товони ҷанг аз Амрико маблағи аз даромади ин гулӯгоҳ ба даст меомадаро ба бозсозии зерсохтҳояш равона хоҳад кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил вайрон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп гуфтааст, ки ҳарчанд пешниҳоди Эрон ба андозаи кофӣ хуб нест, аммо ин як қадами хеле муҳим аст барои хотима додани ҷанг ва таъкид кардааст, ки ҳаргуна тавофуқи нав бо Эрон барои поён додани даргириҳо бояд ба тазмини “озодии гузаштани нафт” аз гулӯгоҳи Ҳурмуз равона гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД