Дар натиҷаи як садама дар ноҳияи Ёвон 5 узви як оила, аз ҷумла ду кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, ҳодиса пас аз зуҳри рӯзи 25-уми апрел рух додааст. Калтаев Орзу, ронандаи 31-солаи “Mersedes Benz” ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Ёвон ба самти деҳаи Ҷойламаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба канали обгузар сарозер шудааст.
Дар натиҷа ҳамаи мусофирони дохили автомашина - модари ронанда Эламонова Муҳаббати 59-сола, ҳамсари ронанда Абдураҳмони Зубайдаи 27-сола, писарони ронанда Калтаев Авазҷони 2-сола, Калтаев Муҳаммадҷони 4-сола ва янгааш Ғафорова Зуҳрои 52-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.