Sebiston new 2024 october
Facebook номашро иваз кард
1195

 

Яке аз бузургтарин шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳон-Facebook, ки дар сар то сари олам машҳур буда, ҳамарӯза миллионҳо одамон аз он истифода мебаранд, номашро комилан иваз намуд. Дар ин бора “РИА-новости” хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ширкати Facebook номашро иваз карда, минбаъд Meta номида мешавад. Дар ин бора асосгузори шабакаи Facebook Марк Цукерберг хабар додааст.

"Аз ҳамин рӯз эътиборан мо “Meta" номида мешавем,—изҳор доштааст Марк Цукерберг дар маросими рӯнамоӣ.

Ин тоҷири номдор рамзи нави ширкатро дар шакли лентаи кабуди Мебиус ба ҳозирин пешниҳод намуда, иқрор шудааст, ки аз аввал номҳои классикӣ барояш писанд буданд. Калимаи Meta аз забони юнонӣ гирифта шуда, маънояш “Баъд” мебошад. Цукерберг махсус ин калимарро интихоб намуда, таъкид карданист, ки ҳамеша метавон боз ягон чизи дигаре сохт, ки аз эҷоди пештараат ҳам машҳуртар гардад.

Миллиардер таъкид кардааст, ки ба хотири ребрендинг номи зерсохторҳои ширкат иваз намешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД