Фаъолияти "Sulton Plus" боздошта шуд
31.10.2025
Oila.tj
241

Дар асоси шикояти шаҳрвандон аз ҷониби Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳолати воқеии ошхонаи ҶДММ «Султон-2016» воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Яккачинор 54 мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Тавре рӯзномаи “Паёми Душанбе” дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дод, барои риоя накардани қоидаҳои хизматрасонӣ, рафтори дағалона бо мизоҷ, маҷбурӣ пеш намудани мизоҷон аз утоқҳои алоҳидаи ошхона ва ба таври зарурӣ ба роҳ намондани хизматрасонӣ реҷаи кории ошхонаи мазкур бекор карда шуда, то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияташ боздошта шудааст.

Гуфта шудааст, ки шаҳрвандон дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба сатҳи пасти савдову хизматрасонӣ, риоя нагардидани талаботи санитарӣ, дағалона муносибат кардан бо мизоҷон ва дигар камбудиҳои ҷойдошта метавонанд ба Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги МИҲД-и шаҳри Душанбе бо телефони 227-19-04 муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД