arzon replenishment
Фарҳод дар садама ба ҳалокат расид!
31.01.2022
Оила
4224

Фарҳод Раззоқов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Панҷакент-Айнӣ», дар ҳудуди мавзеи дашти Сиёвардаи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Зарафшон” чаппа шудааст.
Тавре вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, ин ҳодисаи нохуш санаи 30-юми январи соли 2022, тахминан соати 14:45-дақиқа сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» Фарҳод Раззоқов, сокини шаҳри Панҷакент аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлёт набаромада, дар натиҷа мошин ба дарёи Зарафшон сарозер рафтааст. Ронанда бар асари ин садамаи сархӯр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ёдрас мешавем, ки марҳум Фарҳод Раззоқов,писари бостоншиноси шинохта Абдурауф Раззоқов буда, рисолаи номзадиашро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳимоя намуда, муаллифи даҳҳо мақолаву асарҳои илмӣ ва чанд китоб низ буд. Марҳум дар Русияву Олмон ҳам кор кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД