Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон” баргузор мегардад
76

Санаи 2-юми апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон эълон гаштааст. Бахшида ба ин ҷашнвора аз 2 то 9-уми апрели соли равон фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон” баргузор хоҳад гашт.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, чорабинии мазкур таҳти унвони “Фурӯғи маърифат” дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гашта, дар фестивал адибон, олимон ва коршиносони соҳаи фарҳанг ва адабиёт ширкат меварзанд.

Дар доираи ҷашнвора баргузории намоиши маҳсули дасти кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китоб, рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашри кӯдакона баргузор гашта, кӯдакону наврасон имкон пайдо мекунанд, ки бо шоирону нависандагоне, ки барои кӯдакон асарҳои ҷолиби насрӣ ва назмӣ менависанд, суҳбат намоянд.

Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва Сирки давлатӣ ба кӯдакону наврасон навишномаҳои ҷолибро пешкаш хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД