Arzon march 2024
ФИҒОНИ ДИЛИ ЗАНИ БЕЗУРРИЁТ
23.12.2020
ОИЛА
6764

 

Рози дили духтари эрка

Дар оилаи серфарзанд ба дунё омада бошам ҳам, барои аҳли оилаамон чунон эркаю зиз будам, ки яккафарзандон мисли ман нозу нуз намекарданд. Падару модар ва апаву акањоям маро рӯйи даст бардошта мегаштанд. Гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшидаму худро шоњдухтар њис мекардам, вале баътар фаҳмидам, ки кули эркаҳо оқибат хор мешудаанд. Ман ҳам хор шудам, чунон хор шудам, ки тасвираш дар коғаз намеғунҷад.

Хостгорњои зиёде дари хонаамонро мекўфтанд, вале мани мағрур «мундуқи поҷи сандуқ, дарози бениёз, халтаи гӯшт, почаканда» гӯён, ба ҳама талабгорон ягон айб монда, навмед гуселашон мекардам.

Арӯси чор кас медидагӣ

Писари холаам Мурод, ки қариб 10 сол боз дар Русия буд, ниҳоят ба Ватан баргашту ба шарафи бозгашти ӯ волидонаш маърака ороста, хешу ақраборо даъват карданӣ шуданд. Духтари эрка бошам ҳам, дар пухту паз ба қавли кампиракон бадасту панҷа будам, аз ҳамин хотир холаам аз ман хоҳиш карданд, ки ду-се рӯз пештар ба хонаашон рафта, торту кулчақанд пазам ва барои маърака хӯришҳои замонавӣ тайёр кунам. Бо розигии модарам барои кӯмак рафтам ва дасту остин барзада аз паси пухтупаз шудам. Шириниҳои пухтаам ба меҳмонон чунон писанд омаданд, ки рӯзи маърака дар забони ҳама таърифи торту кекс ва салатҳои рӯйи дастурхон буд. «Келин кунӣ, ана ҳамин хел келини боҳунар кунӣ, ки ҷонат осояд»,- мегуфтанд авсунҳои холаам сӯйи ман ишоракунон, вале мани сода ба маънии ин гуфтаҳо чандон сарфаҳм намерафтам.

Хостгорони худӣ

Аз маърака як ҳафта нагузашта холаам ба хонаи мо меҳмонӣ омад. Дастурхонҳои калон-калони пур аз кулчаю тӯшаю қанду қандалот ва матоъҳои зебои овардаашро дида, дарк намудам, ки ягон ният дорад. Тахминам рост баромад, пас аз гусел кардани онҳо модарам маро ба наздаш хонда гуфт, ки холаам бо нияти хостгорӣ омада буд. Ҳарчанд исрор намудам, ки ба хеш намерасам, волидонам «мо не гӯем, холаат сахт меранҷаду риштаи хешу табориамон канда мешавад» гӯён, маро ба Мурод маҷбуран фотиҳа карданд.

Ишқи беҳосили бачаи хола

Маро зӯран ба бачаи холаам дода бошанд ҳам, пас аз тӯй шавҳарамро дӯст доштам. Мурод ҷавони меҳрубони дидадаро буд ва ҳеҷ гоҳ дӯғу пӯписа намекард. Мо чунон ҷуфти хушбахт будем, ки тамоми хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо ба зиндагиамон ҳасад мебурданд, вале хушбахтиамон дер напоид. Намедонам ба бахтамон чашми бад расид ё хешу табориамон сабаб гашт, ки тифлакамон мурда таваллуд шуд. Марги фарзанд ҷигарамро пора-пора кард. «Ғам махӯр, ману ту ҳоло ҷавонем, боз фарзанддор мешавем» гӯён, Мурод маро дилдорӣ медод. Як сол пас боз ҳомиладор шудам. Ин дафъа худро эҳтиёт мекардам, то тифли солим ба дунё биёрам. Шавҳару хушдоманам намегузоштанд, ки дастамро ба оби хунук занам. Духтарчаам 5 килло таваллуд шуд. Хурсанд шудам, ки бадбахтињоро паси сар кардам, вале шодиам дер давом накард. Духтарчаам 3 рўз таб карду дар байни ду соат аз ин олами бевафо абадан чашмакони зебояшро пӯшид. Вай мурду маро ба гирдоби ғам афканд. Дилам ба тамом аз дунё сард гашт. Шайтон васваса мекард, ки даст ба худкушӣ занам, вале аз тарси ҳаром мурдан худро базӯр аз ин амали бадфарҷом боз медоштам.

Хола-душмани ҷиян

Акнун холаам, ки замоне маро таърифу тавсифкунон ба осмони ҳафтам мебаровард, душмани ҷонам гашта, ба қавле тир ёбад, маро намеёфт. «Умри писарамро хазон кардӣ» гӯён, ин зани пояш ба лаби гӯр расида ҳамеша болои захмҳои сӯзони дилам намак мепошид. Суханони нешдори хушдоман мисли корд ба ҷигарам мехалиданд, вале дар ҷавоб чизе гуфта наметавонистам. Бефарзандӣ забони маро дар назди аҳли ин хонадон чунон кӯтоҳ карда буд, ки лому мим гуфта наметавонистам. Ҳамеша аз сари субҳ то як поси шаб бо чашми гирён хизмати хонаи хушдоманамро мекардаму рӯйи хушро намедидам. Падару модар ва апаю хоҳаронаш аз шавҳарам талаб мекарданд, ки талоқи маро дода зани бачазой бигирад, аммо Мурод «холаам хафа мешаванд» гӯён, сар намефаровард. Розӣ будам, ки Мурод зани дуввум гирифта бачадор шавад, аммо шавҳарам «фарзанди аз зани дигар ба дунё меомада ба ман лозим нест» гӯён, тақозо менамуд, ки умедамро аз зиндагӣ наканда аз худованд фарзанди солим талабам.

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД