Formula september
Фоҷиаи хунин дар Конибодом
578


“Хеста хоб меред гуфтанд, хестам, дасташонда корд буд. Ба гулӯнам заданӣ буданд. Кордашона ман гирифта ба рӯяшон задам, шикамашонда задам, дасташонда задам,калашонда задам, гарданашонда задам, ғалтиданд, мурданд.

Хонаи дигарӣ бурда, либосҳои хунолудашонро бароварда мондаму дигар либосашонро пӯшонидаму хобашон кардам.”

Ин пора аз нақли ваҳшатангези як писари модаркуш аст, ки мисли қассоб бераҳмона ба тани модараш 136 корд задааст. Шаҳриёр Норматови 30- сола, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд буда, дар барномаи “Пайки Суғд” саҳнаи чи тавр ба қатл расонидани модараши 65-солаашро бо забони худаш нақл мекунад.

Ин ҳодисаи ваҳшатнок рӯзи 24- ноябри соли равон дар кӯчаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом рӯй дода, Шаҳриёр Норматов модараш Ҳалимаҷон Норматоваро, ки аз соли 1993 инҷониб дар қайди беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ қарор доштааст, дар манзили истиқоматиашон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидааст.

“Хеста хоб меред гуфтанд, хестам, дасташонда кор буд ва ба гулӯнам заданӣ буданд. Кордашона ман гирифта ба рӯяшон задам, шикамашонда задам, дасташонда задам,калашонда задам гарданашонда задам, ғалтиданд, мурданд. Хонаи дигари бурда, либосҳои хунолудашонро бароварда мондаму дигар либосашонро пӯшонидаму хобашон кардам”-нақл мекунад писари модаркуш. 

Бино ба гуфти худи гумонбар, баъди ба бадани модараш 136 зарбаи корд задан вай аз паи нест кардани изи ҷиноят шуда, модари ғарқи хунашро ба ҳуҷраи дигар дароварда, либосҳои хунолудашро кашида, либоси дигар пӯшондааст, вале ягон ҷиноят аз назари кормандони ҳифзи ҳуқуқ дур намемонад.

Кирдори даҳшатноки писари модаркуш низ фош гашта, Шаҳриёр Норматов аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гашт ва айни замон аз рӯи ин ҳодиса тибқи модаи 104-и кодески ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Нуқси равонӣ доштани гумонбаршаванда аз фарзияҳоест, ки дар рафти тафтиши пешакӣ санҷида шуда, хулосаи мутахасисон гирифта мешавад. Аммо бояд гуфт, ки то рӯзи ҳодиса номбурда дар қайди бемориҳои рӯҳӣ набудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД