sebiston july new
Фоҷиавии мӯйсафеди 74-сола дар роҳи Айнӣ-Масчоҳи кӯҳӣ
13.12.2022
ОИЛА
978


Мошин аз роҳ берун шуда ба чуқурии қаъраш 50 метр афтид. Ронанда ва мусофирон ҷаҳоратҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, як пирамарди 74-сола бар асари ин фалокат оғӯшта дар хуну халаф ҷон ба ҷонситон бахшид...

Ин ҳодисаи нохуш дар километри 41-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Масчоҳи Кӯҳӣ рӯй дода, мошини сабукрави тамғаи «Musso», ки аз ҷониби як сокини 41-солаи ноҳияи Айнӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ ба самти ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ бо сабабҳои номаълум ба ҷарии умқаш 50 метр фурӯ рафтааст.

Дар натиҷа мусофири 74-солаи мошин бар асари ҷароҳати вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, ронанда ва ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол дода шуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД