Arzon march 2024
ФОҲИШАХОНА ДАР ҚИШЛОҚ?!
15742

Зан фариштаи меҳр, машъалафрӯзи садоқат, таҷассумгари иффату покизагӣ ва олиҳаест, ки бо ҳастиаш ба зиндагӣ рангу бӯйи тоза бахшида, нишоти хонадонро таъмин менамояд. Хонае, ки зан нест, дар он нӯри ҳаёт нест. Хонае, ки зан нест, биёбони хушкеро мемонад. Занон дар ҷомеаи муосир мавқеи хоса доранд ва баробари мардон сарбаландона дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият менамоянд. Месазад, ки пеши чунин бонувони бо нангу номус ва офарандаву фидокор сари таъзим фуруд овард, аммо...

Бадбахтона, дар ҷомеаи мо занони бехираде низ пайдо мешаванд, ки ба дуздӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, одамкушӣ, даллагию одамфурӯшӣ ва дигар амалҳои ношоиста даст зада, бо рафтору кирдори нангини худ ба номи пуршарафи Зан-Модар иснод меоранд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зани 32-солаи сокини ноҳияи Носири Хисрави Вилояти Хатлон бо иттиҳоми ташкил ва нигаҳдории фоҳишахона хабар доштааст.
Бо мақсади дарёфти пули муфт ин зан манзили истиқоматиашро ба макони айшу ишрати мардону занони зинокор табдил дода, барои муносибатҳои маҳрамонаи онҳо шароит фароҳам меовардааст. Даллаи қишлоқӣ бар ивази “хизмат” аз мизоҷонаш 100-сомонӣ мукофот мегирифтааст.
“Бори қаҷ ба манзил намерасад”-гуфтани халқ беҳуда нест, билохира дармади бе дарди миён ба сари ин зани баднафс об рехт ва сирру асрораш фош гашта, ба чанг афтид.

Айни замон нисбати гумонбар барои ташкили фоҳишахона парванда оғоз гардида, тафтишоти ин қазия идома дорад.
Сарнавишти ин зан бояд барои дигарон дарси ибрат гардад ва худро аз чунин корҳои ношоиста дур нигаҳ доранд, зеро зино аз назари дини мубини ислом бадтарини гуноҳон ба шумор меравад. Шахсоне, ки бо зинокорон робита доранд ва барои айшу ишрати ҳаром мусоидат менамоянд, ба ғазаби офаридгор дучор гашта, ба гирдоби гуноҳ ва ғаму дард гирифтор хоҳанд шуд.

Худованд дар Қуръони карим гуноҳи хеле бузург будани зино ва ҳамнишинӣ бо зинокоронро таъкид намуда мегӯяд:
“Ва ба зино наздик нашавед, зеро он (зино) коре зишт ва роҳе нописанд аст!”
Сураи Исро, ояти 52

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД