Амороти Муттаҳидаи Араб барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” ба Тоҷикистон 100 млн доллар қарз медиҳад. Маблағи мазкур аз ҷониби Фонди Абу-Забӣ оид ба рушд ҷудо шуда, фоизи солонаи қарз 2,5% будааст. Маблағи мазкур бояд дар бадали 17 сол баргардонида шавад.
Ҳаҷми қарз, ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, 376,3 млн дирҳам мебошад, ки тақрибан ба 100 млн доллар баробар аст.
Созишномаи қарзӣ 4-уми феврали соли равон дар шаҳри Дубай ба имзо расида, барои маблағгузории лоти 2-и Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмуъ барои таъмини молиявии бунёди НБО “Роғун” бо донорҳои байналмилалӣ ба маблағи 812 млн доллар созишномаҳо ба имзо раисидаанд, ки 462 млн доллараш қарз ва 350 миллион доллари дигар грант мебошад.