arzon replenishment
Форуми соҳибкорони ҷавону таҷрибадори Осиёи Марказӣ дар Душанбе
1587

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» ҷараён дорад. Хабарнигори сомонаи Oila.tj низ дар ин дидор ширкат дорад.

Бино ба иттилои ӯ, ҳамоиш дар чаҳорчӯби Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир мегардад.

“Дар форуми мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон ва Вазири инноватсия, саноат ва савдои Узбекистон иштирок доранд, - гуфт ҳамкори мо.

Дар нишасти мазкур баъди сессияи пленарӣ 3 сессия дар мавзуъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян намудани дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ» гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ низ идома дорад, ки дар кори он зиёда аз 50 нафар соҳибкорони ҷавон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва табодули таҷриба менамоянд.

Форум ба пурзӯр намудани робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани неру ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъмини муколамаи муфид байни соҳибкорони давлатҳо мебошад.

Ҳамзамон баргузории форум имкони татбиқи ҳамгироии иқтисодии ҷавонон ва мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни соҳибкорони ҷавони тоҷик бо давлатҳои Осиё мебошад. Он метавонад дар рушди малакаҳои соҳибкории ҷавонон, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, инчунин таҳкими муколама ва ҳамкории минбаъда байни давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Дар охир баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорони ҷавонони Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД